Рӯйдодҳои се рӯзи охир, ки дар Бадахшон ба амал омад шигифзадаву нигаронам кард. Дар шароити феълии вазъи душвору мураккаби сиёсии минтақа нооромиҳо дар шаҳри Хорӯғ хеле хатарнок аст. Мушоҳида нишон доданд, ки аз ҳолати ба амаломада гурӯҳҳои манфиатҷӯ ва душманону бадхоҳони миллат тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ мардумро ба ноамниву бесуботӣ ва қонуншиканӣ даъват карда истодаанд. Набояд фаромӯш кард, ки барои ин тоифа гурўҳҳо амну осоиши кишварамон заррае ҳам арзиш надорад. Худое накарда бо баҳонаи дасиссаҳои пучу бемоя ба сулҳу суботи давлатамон халал ворид шавад.
Бетарафӣ дар қазияи ба миёномада дар Бадахшон нишони бехирадӣ аст. Мардуми Бадахшон ватандӯсту меҳанпараст ва дорои фаросату маърифати баланд ҳастанд. Бовар дорем, ки ин лаҳзаҳои ҳассосро бо сарбаландӣ ва дарки масъулияти ватандорӣ пушти сар мекунанд. Ташкили таҷаммӯи одамон ва беназмиву бетартибӣ роҳи ҳалли масъала нест. Ба назари мо дилхоҳ моҷаро бо сабру таҳаммул, ҳамдигарфаҳмӣ ва қонунмандӣ ҳалли фасл мешавад. Мутмаинем, ки ҳодисаҳои ба вуқӯъ омада дар Бадахшонро мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо майдатарин ҷузъиёташ барассӣ мекунанд ва қонуншиканҳо дар назди қонун посух мегӯянд.
Ватани азизи мо – Тоҷикистони маҳбуб як неъмати бебаҳо дорад, ки он сулҳу ваҳдат ва амну субот аст. Дар ба даст овардани сулҳу суботи сиёсӣ мардуми Бадахшон низ саҳми назаррас доранд. Зимнан дар ҳифзи ин неъмати гаронарзиш сокинони ин вилоят низ масъул ҳастанд. Ҳар нохалафе, ки дар зеҳнаш ҳавои ба ҳам задани сулҳу суботи ватани маҳбубамонро дорад, хоини миллат аст.
Аз ин хотир аз мардуми сарбаланди Бадахшон даъват ба амал меорем, ки ақли солим ва маърифати баланди худро кор бурда, ба хотири халал наёфтани амну осоиши кишвар гӯш ба ҳарфи роҳбарияти вилоят ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ диҳанду таҷҷамӯи сокинонро пароканда кунанд. То нигини Бадахшон – шаҳри зебои Хоруғ ба хоку хун олуда нагардад.
Бо сабру бо таҳаммул бошед, то бало сабук гардад, ҳамватанони азиз!
Карим Муҳибзода
омӯзгор