МУРОД АЗ ТАЪСИСИ ТЭТ ҲНИ- НОГУВОР КАРДАНИ ВАЗЪИЯТ

Намояндагони наҳзатӣ бо ҳар роҳу усуле, то тавониста истодаанд, миллати моро танқиду тақлиди бардурӯғ намуда, дар расонаҳои ахборотӣ шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳар тариқа хабарҳои бемаъниву бемӯҳтаворо паҳн карда истодаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки пас аз мамнӯъ гаштани фаъолияти ТЭТ ҲНИ дар кишвари мо аъзоён ва тарафдорони он, аксар чун қавми тарсу ва фирориву босмачӣ аз Кабирӣ оғоз то дигар шогирдони «сухандону сиёсатшиносу кордонаш» дар кадом мамлакатҳои ғарб парешону бесарпаноҳ гаштаанд.

Ин нобакору нохалафон худ саркардаи ҷанги хонумонсӯзи бародаркушӣ буданд. Кабирӣ майдоннишиноҳоро байни мардум ташкил намуда, ҳамон вақт низ мардумро тафриқа андохта буд, яъне миллатчигиро оғоз карданд. Вале ин мутаҳамони нотавон ин ҳодисаҳоро нақшаи давлуту ҳукумат медонанд, ки ин танҳо тӯҳмат асту халос. Ин хислати рафтори бадкирдоронаи онҳо то ба дараҷае омадааст, ки то кунун нияти нопоки худро бо мардуми худ бо миллати худ амалӣ кардани хастанд. Пас масъалаи ошӯбу исён ва шаҳру тавзеҳоти он ба наҳзатиҳо чӣ лозим? Агар ба миллат ва ҳаёти озоди мардум ёр мешудед. Ҳамон саркардагони исёну ошӯб, ки аксар бо ҷурми даст доштан, дар тарғиботи ТЭТ боздошт шудаанд, зиндонӣ намешуданд. Ва он шумори ҳалокшудагонеро, ки қайд намудед, ин танҳо муболиғаву воҳимаҳои шумост. Бовар кунед вақтҳои охир дурӯғу муболиғоти ин наҳзатиҳо касро дилбазан кардааст. Ба фикратон агар шумо ҳар чи хоҳед амалӣ мешавад. Вале донед, ки ин танҳо хаёлпарастист. Зеро то кай худхоҳиву худписандӣ, то кай гапи ин назҳтиҳо гапу гуфтаҳояшон амалишаванда. Ин давлату ин миллат аз худ соҳибе дорад, ки барои якпорчагии он ҷони худро фидо месозад. Он рӯзҳо гузашту рафт, нияти фаъолият медоштед, инсонвор бояд кор мекардед, на ин ки мардумонро илми ҷангу ҷидол ва силоҳбадастиро медодед.

Мо устодону омӯзгорон ва хосатан волиданро мебояд, ки фарзандонамонро аз чунин оризаҳои нопок дур сохта, дар онҳо ҳисси баланди худоогоҳии миллӣ ва масъулиятшиносиро бедор намоем. Онҳоро дар руҳияи ватандӯстиву хештаншиносӣ тарбия намоем.

         Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бо худогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзамин хоки муқаддаси мост. Замине, моро сафо бахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид.

Хоса танҳо ҷавонони соҳибмаърифату босавод метавонанд сулҳу ваҳдат, ягонагӣ ва Истиқлолияти Тоҷикистонро ҳифзу ҳимоя карда, пояҳои онро устувору мустаҳкам менамоянд. Беҳуда нест, ки Пешвои миллат ҷавононро қувваю нерӯи созандаи халк ва ояндаи дурахшони Тоҷикистон наномидаанд. Ҷавононро мебояд, ки ҷавобан ба ғамхориҳои давлату ҳукумат ва Пешвои миллат ҳамеша ватандӯсту меҳанпарвар ва худогоҳ бошанд ва ҳар як зарраи хоки ин марзи мукадасро пос доранду зиракии сиёсии хешро аз даст надиҳанд.

 

Юсупова Ш.. – муовини декани факултети металлургияи ДКМТ