Одамон аз рӯи касбу ҳунар, маълумот, ақидаҳо, маънавиёт, одоб синну соли муайян бо ҳамдигар шинос шуда, муоширати худро оғоз ва идома медиҳанд. Омили асосии ба ҳамдигар наздикшавии одамон ин сӯҳбати самимона ва тарафайни фараҳбахш мебошад. Ҳамаи сӯҳбатҳо( корӣ, эҷодӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, бадеӣ, маърифатӣ ва ғайра зинаи аввалини муоширати шахсиятро нишон медиҳанд.
Сӯҳбати ҳамсолон, ҳамкорон , ки ин ҳамеша самимӣ ва манфиатбахш оғоз ёфта ва масъалаҳои фаъолияти меҳнатиро дар бар мегирад, бештар дар ҳаёт мушоҳида мешавад .
Вохӯрии аввалин аз шиносоии ном, касбуҳунар, ҷои зист оғоз меёбад, баъдтар шахсиятҳои машҳур: устодон, роҳбарон, шахсони шинохта ва дигаронро фаро мегирад, минбъад дар вохӯриҳои гуногун инкишоф ёфта ,муоширати одамонро мустаҳкам мегардонад. Асоси шиносоӣ рост омадани ҷаҳони маънавӣ, талаботҳои псиохлогию иҷтимоии хислатҳои онҳо ва ақидаҳо мебошад.
Дар сӯҳбатҳои аввала бояд шахси сӯҳбаткунанда дар муносибат бо шахси дуюм кӯшиш кунад, ки зебоӣ, хоксорӣ, хирадмандӣ малакаи касбии ӯро дарк намуда, дар бораи ӯ бо эҳтироми хоса андеша баён намояд ,то ки ба мақсади асосии худ идомаи муносибатро сазовор гардад.
Ҷавонон бештар дар вохӯриҳо сӯҳбатҳои байниҳамдигарӣ кӯшиш мекунанд (ҳам ҷавонписарон ва ҳам ҷавондухтарон) ки одоб, ҷаҳонбинӣ ва хислатҳои беҳтарини худро ба ҳамдигар муаррифӣ намоянд. Ин сӯҳбатҳо дар мавзӯъҳои адабиёт (шоирон, нависандагон, каҳрамонҳои асарҳо, шеъру ғазал ва ғайраҳо )мебошанд.
Таърих – ёдгориҳои таърихӣ, шахсони машҳур, давлатҳои қадим, қаҳрамонҳо, донишмандон, бузургони деҳа ноҳия шаҳр ва дигарҳоро фаро мегирад.
Санъат – филмҳои таърихӣ, замонавӣ, истеҳсоли хориҷӣ, намоишномаҳо, мусиқии халқӣ, классикӣ, касбӣ, хофизу сарояндагони машҳури халқӣ, ситораҳои эстрадӣ ва ғайраҳоро дар бар мегирад.
Илм – олимон, профессорон, академикхо ва тадқиқотчиёни илмии машҳури замони қадим ва муосир.
Кишвар – дар бораи Тоҷикистон, вилоят, шаҳр, ноҳия деҳаҳои кишварашон оид ба пешқадамони ҳамаи соҳаҳои меҳнат маълумот медиҳад.
Ҳамаи самтҳои сӯҳбат инъикоскунандаи фарҳанги маънавиӣ одоб тарзи муоширати ҷавононро нишон медиҳад. Сифати баланди сӯҳбат ё вохӯрӣ дар он аст, ки аз ҳамдигар натиҷаи умедбахш ҳосил кунанд.
Яке аз муносибатҳои инсонӣ ки дар ҳама давру замон ва имрӯз низ муҳимтарини муносибатҳо мебошад, ин робитаи дӯстии байни одамон аст. Дӯстӣ пайвастагии доманадор аст. Он байни ҳамдигар, аъзоёни оила, ҳамсоягон ва дигар ҳамкорону ҳамдеҳагон бештар дида мешавад. Ниёгони мо калимаи дӯст ва дӯстиро дар ҷараёни ҳазорсолаҳо басо санҷида ,баъд аз калимаҳои шинос, ҳамсӯҳбат, ҳамкор, рафиқ ва ғайра дар муносибат истифода мебаранд. Ин муносибат дар зиндагӣ ҳақиқӣ будани худро исбот кардааст. Мушоҳида нишон медиҳад, ки шахси дӯст шуморидааш дар дараҷаи рафиқӣ мебошад. Дар ҳаёт ҳеҷ кас мисли падару модар ба дараҷаи баланди тарбияи инсонии фарзанд нарасидааст.Ба андешаи мо дӯст ҳам бояд ба зинаҳои баланди инсонӣ расида бошад, ки ӯ дар некӣ, одамигарӣ, ғамхорӣ, ҳамешагии муносибат дар рӯзҳои нек ва бад ҳам пайванд будани худро нишон диҳад. Инсон дӯсти худро дар таҳсили мактаби олӣ,меҳнат, мусофират, ҷомеа ва дигар муоширатҳо дарёфт мекунад ва ҳамеша эҳтиёт кардани дӯст дар ҳаёти имрӯза хеле муҳим аст. Имрӯз одамоне ёфт мешаванд, ки нисбати дӯсти эҳтиром зоҳир намекунанд. Онҳо мустахкамии дӯстиро дар вазифа, боигарӣ, давлатмандӣ ва дигар омилҳои ҳаёти инсонӣ меписанданд. Ин шакли дӯстӣ қимати устувор надошта дар як марҳилаи кӯтоҳ бо тезӣ аз байн меравад. Нигоҳдории дӯст кори душвор ва масъулиятнок буда, аҳмияти беназири он дараҷаи баланди инсонгарӣ аст, ки инро фақат дӯстони қадршинос, дурандеш, оқилу хирадманд ба даст оварда метавонанд.
Бузургон ин мисраъҳоро ба дӯстӣ ва тақвияти он бахшидаанд:
Ҳеҷ шодӣ нест андар ин ҷаҳон,
Бартар аз дидори рӯи дӯстон.
Ҳ еҷ талхи нест бар дил талхтар
Аз фироқи дустони пурҳунар.
(Абуабдуллоҳи Рудакӣ)
Касеро марди оқил дӯст хонад,
Ки ӯ дар неку бад бо дӯст монад.
( Носири Хисрав)
Дӯст машмор он ки дар неъмат занад
Лофи ёрию бародар хондагц ,
Дӯст он бошад, ки гирад дасти дӯст,
.Дар парешонҳолию дармондагӣ .
( Саъдии Шерозӣ )
Ба сад сол як дӯст ояд ба даст,
Ба як рӯз душман тавон кард шаст.
(Асадии Тусӣ)
Тоза созад гулбуни умедро пайғоми дӯст.
Бишукуфонад ғунчаи дилро насими номи дӯст
Гар ғубори хотире аз дӯстон бинӣ маранҷ,
К-аз дуои душманон беҳтар бувад дашноми дӯст.
(Зебуниссо)
То тавони дӯстонро гум макун,
Дӯстони меҳрубоноро гум макун,
Дар ҷаҳон бе дӯст будан мушкил аст,
Мушкилосон кун касонро гум макун.
Дӯстро аз дӯст ҷонам, фарқ кун,
Дӯстӣ пайванди ҷонро кум макун.
(Мирзо Турсунзода)
Маҳфил- ин гурӯҳи одамони ҳамфикр, ҳамрӯҳия, ҳамсол, ҳамзамонон ва дигаронро дар бар мегирад, ки ба масъалаҳои : адабӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ , иҷтимоӣ. фарҳангӣ, техникӣ, хоҷагӣ, гирд меоянд фаро гирифта мешаванд.
Ба фарҳанги муошират маҳфилои адабӣ, низ дохил мешавад, ки таърихи ҳазорсолаҳо дорад, имруз низ таъсири он ба фарҳанги муошират таъсирбахш аст. .Сарчашмаи ин маҳфилҳо маҳфилии адабии Хирот ки созмондиҳандаи он шоири бузурги асри ХУ Абдураҳмони Чомӣ ва Алишер Навоӣ буданд, ки дар хонаҳои худ ин маҳфилро ташкил намуда шоирони ҷавонро тарбия мекарданд.
Дар охири асри Х1Х ва аввали асри ХХ дар хонаҳои худ Аҳмади Дониш ва Садри Зиё низ маҳфилҳои адабӣ ташкил карда буданд. Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Мирзо Турсузода. Боқи Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Чалол Икроми дар маҳфиҳои адабӣ як зумра шоирону нависандагони ҷавонро тарбия намуданд, ки онҳо имрӯз ифтихори Чумҳурии Тоҷикистон шудаанд.
Чамъомадҳо ҳамсинфон,ҳамсолон, ҳамкорон, ҳамкурсон, ҳамшаҳриён, ки дар давраҳои гуногун ё дар як давраи муайян,ё дар як моҳ як маротиба таҷлил мегардад бо воситаи муоширати байниҳамдигарй оид ба мавзӯҳои иқтисодию сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, рузғордорӣ, тиҷорат, оиладорӣ, тарбияи фарзанд, дӯстиву бардрӣ мардонагиву инсонгароӣ, андеша ва донишҳои худро бо муошират бой мегардонанд.
Ин маҳфилҳо бештар дар чойхонаҳо, қаҳвахонаҳо, мавзеъҳои зебои табиат лаби баҳр, лаби дарё, чашмасорон, боғҳо ва баъзе вақт дар ҳавлиҳо гузаронида мешаванд.
Мақсади ин мафилҳо дар муошират бо шахсиятҳои касбу корашон гуногун: одамони соьибэҳтиром, шахсиятҳои маҳбуби кишвар,олимон, намояндагони
адабиёт ва санъат ҳамнишин шудан,одобу маърифат, хоксорӣ, меьрубонӣ.бо донишу хирад ва таҷрибаи ҳаётии онҳоро оқилона омӯхтан ва дар ҳаёти минбаъдаи худ манфиатбхаш истифодабурдан аст.
Намунаҳои махсуси фарҳангро субкултура (порчафарҳангҳо) меноманд. порчафарҳангҳо фарҳанги гурӯҳҳои иҷтимоиест, ки ҳарчанд аз фарҳанги ҳукумрониҳо фарқ кунанд ҳам, аммо ба он алоқаманданд (зид нестанд), балки дар рушди фарҳанги умумӣ саҳм мегузоранд. Шаклҳои маъмули порчафарҳангҳо шаҳрӣ, қишлоқӣ, ақаллиятҳои миллӣ, порчафарҳангҳо ҷавонон, дӯстдорони реп, хип-хоп, мухлисони футбол, муллоҳо ва ѓайраҳо вуҷуд доранд. порчафарҳангҳо ба одамон имкониятмедиҳанд, ки мувофиқ ба фикр, хоҳиш ва боварии худ озодона амал кунанд, ки ҳар яки онҳо ба худ хос муносибаҳои байнихамдигаррии худро доро мебошанд
Яке аз навъҳои порчафарҳангҳо) — ин аксфарҳанги мебошад. Меъёрҳо, арзишҳо ва тарзи зиндагии порчафарҳангҳо на танҳо аз фарҳанги вуҷуддоштаи ҳамаи ҷомеа фарқ менамояд, балки ба муқобили он мебарояд. Аксфарҳанги гурӯҳҳои иҷтимоиест, ки арзишҳо ва меъёрҳои фарҳанги ҳукумрони ҷомеаро инкор менамояд. Масалан, дастаи авбошон, ҷинояткорон, экстримистҳо, терористҳо, майхораҳо, нашъамандон, бомжҳо ва ѓайраҳо.
Ҳар ҷомеа навъҳои хоси фарҳанги худро дорост, ки аз тарафи аксари аъзоёни он эътироф гардидаанд. Фарҳанги халқӣ ба таври стихиявӣ ва аз ҳаёту фаъолияти муштараки одамон пайдо шуда, дар урфу одат ва анъанаҳои иҷтимоии он халлӣ исфодаи худро меёбад.
Фарҳанги оммавӣ бошад маҳсули тамаддуни саноатӣ аст, ки ба худ ҳамаи табақаю умумиятҳои иҷтимоиро ҷалб менамояд. Маҳз тамаддуни саноатӣ раванди шаҳришавиро тезонд, маълумоти олиро қариб ба ҳамаи табақаҳои иҷтимоӣ дастрас гардонид, нақши ВАО ва коммуникатсияро дар ҳаёти мардум боло бурд. Ба фарҳанги оммави дохил мешаванд: рӯ овардан ба тарзи зиндаии шаҳрӣ, таҳсили миёнаи ҳамагонӣ ва кӯшиши таҳсил дар мактабҳои олӣ, истифодаи воситаҳои коммуникатсия, мисли компютер, телефони мобилӣ ва интернет, рушди саноати реклама, муд, ташаккули талаботҳои истеъмолӣ ва ѓайраҳо.
Фарҳанги элитарӣ дар аввал муқобили фарҳанги халқӣ ва хоси одамони таълимдида ва тарбиядидаи шаҳрӣ буд, мисли фарҳанги аристократҳо. Дар асри ХХ фарҳанги элитарӣ ба зидди фарҳанги оммавӣ баромада, ҳамчун вокуниш ба манфиатҷӯйӣ ва манфиатхоҳӣ намоён гардид. Ба фарҳанги элитарӣ тарзи зиндагии ба истилоҳ зебо (эстетикӣ) дохил мегардад, ки ба одами муқарарӣ бегона ва нофаҳмо аст.
Таѓйирёбии фарҳангҳо дар натиҷаи паҳншавии унсурҳои фарҳангҳои пешқадам дар ҷомеҳои муосир ба вуҷуд меояд. Паҳншавӣ –раванде, ки дар рафти он унсурҳои пешрафтаи фарҳангӣ аз як низоми иҷтимоӣ ба дигар низом паҳн мешавад. Ҳар як фарҳанг дастовардҳо ва ҷиҳатҳои нотакроре дорад, ки аз дигар фарҳангҳо фарқ доранд. Дастовардҳои муҳими фарҳанги пешқадами якдигариро қабул менамояд ва истифода мебаранд. Масъалан, имрӯз бо мусоидати раванди глобализатсия унсурҳои фарҳанги ѓарбӣ- аз воситаҳои технологӣ ва коммуникатсионӣ то фарҳанги либоспӯшӣ дар ҷомеаҳои боқимонда босуръат паҳн мешаванд. Масалан, демократикунонии ҷомеа, компютеркунонӣ, истифода аз воситаҳои коммуникатсионӣ, мисли телефони мобилӣ, интернет ва ѓайраҳо. Умуман, баъзан вақт барои ҳимояи фарҳанги миллӣ ва амнияти шаҳрвандон ин ё он давлат ба паҳншавии баъзе аз унсурҳои фарҳанг монеъ мешаванд (ба паҳншавии либоси аврупоӣ ё идеологияи бегона) ва баръакс ба дигар унсурҳои барои ҷомеа муҳими фарҳангҳои пешрафта мусоидат менамоянд (компютеризатсияи истеҳсолот, таҳсил дар хориҷа.
Ҳамаи ин омилҳо дар рафти муносибатҳои гуногуни байнихамдигарии чомеа ба шаклхои гуногун руи кор меоянд ки ин холатхо аз муносибатхои инсоният дигагунихо ва навгонихо ворид мекунад.
Умедахони Уктамзода, донишҷуи соли дуюми факултаи металургия ихтисоси 270101-09