Муовини ректор Умарҷонов Абдусафо ба омӯзгори ДМТБ Луговой В.П. унвони профессори донишкадаро тақдим намуд

Дар вохӯрие, ки дар шаҳри Душанбе байни муассисаҳои олии Тоҷикистон ва кишвари Белорусия сурат гирифт, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ба омӯзгори Донишгоҳи миллии техникии Белорусия Луговой Вячеслав Петрович, ки зодаи Тоҷикистон аст, унвони профессориро эъто намуд. 

Ёдовар мешавем, ки қарори додани унвони профессорӣ ба Луговой Вячеслав Петрович бо пешниҳоди муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дар Шӯрои олимони донишкада аз санаи 28.01.2022с.  бо ҳамовозии тамоми аъзоёни Шӯро дода шуд. 

Он замон дар ҷаласаи Шӯрои олимон муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо дар ин масъала суханронӣ намуда, таъкид дошта буд, ки   доктор Луговой В.П.  барои пешбурди корҳои илмии ассистони донишкада, хидматҳои зиёдеро анҷом додааст ва агар пешниҳоди профессор Насриддинов З.З. дастгирӣ ёбад, бисёр хуб мешуд.

Ҳамчунин, раиси Иттифоқи касаба Давлатов Давлатмаҳмад низ суханронӣ намуда, иброз дошта буд, ки воқеан ҳам мо дар ДМТБ аз Маркази фарҳангии тоҷикони таъсисдодаи  доктор Луговой В.П.   дидан намудем ва эшон ҳамчунин бо забони ноби тоҷикӣ бисёр ҳам хуб ҳарф мезанад ва хуб мебуд, ки пешниҳоди профессор Насриддинов З.З. оид ба ин масъала дастгирӣ меёфт. Чунки, профессор Луговой Вячеслав Петрович аз олимоне ҳаст, ки дар рушди илм ва маърифат баҳри беҳбудии башарият саҳми босазо мегузорад…

 Воқеан ҳам профессор Луговой Вячеслав Петрович аз олимони сарсупурдаву ҷонфидо буда, умри хешро сарфи рушди илм ва беҳбуди башарият намудаву дар тарбияи насли ҷавон саҳми арзандаи хешро мегузорад. Луговой В.П. аз инсонҳои хоксору матиниродаву ватандӯст буда, хешро аз зумраи тоҷикони ватандор меҳисобад ва дар ҳақиқат дар вуҷудаш хуни шарқиёнаи аристократӣ ҷӯш мезанад.

Мавсуф бо олимони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон чандин сол аст, ки ҳамкорӣ намуда, табодули илмиро ба роҳ мондааст, ки аз заҳматҳои илмияш аспирантони ҷавон, донишҷӯён дар соҳаи металлургияву заргарӣ фаровон истифода мебаранд. Профессор Луговой Вячеслав Петрович аз зумраи нафароне ҳаст, ки новобаста аз миллату нажод ба инсоният арҷ мегузорад ва худ нусхае аз устувории муносиботи неки исонӣ мебошад. Ӯ дар Белорусия бошад ҳам,  пайваста ёди Тоҷикистон менамоянд ва донишҷӯёни тоҷикро ҳамчун фарзандони падари хеш дастгирӣ  менамояд, ки ин хидмати андак нест. Мешавад, гуфт, ки профессор Луговой Вячеслав Петрович аз зумраи инсонҳои атонамудаи Парвардигор бар ҷамъият буда, ҳамчун як пайвандгари муносибатҳову фарҳангҳои шарқиву аврупоӣ ва ё аврупоиву шарқӣ шинохта мешавад.   Луговой Вячеслав Петрович шахси эҷодкор ва комилан ҳаводори табиат буда, ҳамчун эҷодкор дар санъати тасвирӣ ҳунарозмоӣ намудааст ва асарҳои эҷоднамудааш аз ҷониби ҳаводоронаш баҳои баланд гирифтаанд.

Маълумоти кӯтоҳ дар бораи Луговой Вячеслав Петрович:

Соҳаи тадқиқоти илмӣ:

  1. Омӯзиши равандҳои коркарди ултрасадоӣ мавод
  2. Технологияи истеҳсоли ҷавоҳирот
  3. Дизайн ва сохтани ҷавоҳирот

   Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро ӯ бо дипломи аъло (1973) бо ихтисоси технологияи муҳандисӣ, дастгоҳҳо ва асбобҳо хатм кардааст. Дар ҳайати вакилони студентони Точикистон дар Спартакиадаи умумииттифокии студентон дар Москва (1972) иштирок намуд.

Пас аз хатми аспирантураи Донишкадаи политехникии Белорус дар соли 1980 ва ҳимояи рисолаи номзадӣ муаллим, мудири кафедраи Донишкадаи политехникии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Солхои 1991-1992 дар Вазорати саноатй саноат ва Госплани РСС Точикистон кор кардааст.

Аз соли 1998 инҷониб дар кафедраи «Тарҳрезӣ ва истеҳсоли асбобҳо»-и БМТ кор карда, барои тайёр кардани мутахассисон аз рӯи ихтисоси «Технология ва таҷҳизоти истеҳсоли заргарӣ» масъул аст. Феълан декани факултети муштараки муҳандисию техникии таълими донишҷӯёни Тоҷикистон дар БМТ мебошад.

Дар таҳти роҳбарии Луговой В.П. 3 рисолаи номзадӣ дифоъ карда шудааст. Вячеслав Петрович одами эчодкор аст. Аз хурдӣ ӯ ба рассомӣ шавқу ҳавас дошт. Аксарияти асархо  дар хавои кушод навишта шудаанд. Дар соли 2018 намоишгоҳи шахсии асарҳои В.П. Луговой баргузор гардида буд. 

Нашрияҳо:

Луговой Вячеслав Петрович муаллифи 3 китоб оид ба дизайн ва технологияи истеҳсоли маснуоти заргарӣ, 15 ихтироъ, зиёда аз 200 мақолаи илмӣ мебошад, ки ҳамаашон дар ҳудуди Иттиҳоди давлатҳои Мустақил мавриди истифода ва омӯзиш қарор доранд.

Шуъбаи иттилоот