Муовини ректор Насриддинов Замониддин дурнамои таҳияи корҳои илмиро бо кормандони факултети электромеханика баррасӣ намуд

Санаи  12.01.2021с. муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин  бо роҳбарият ва ҳайати профессорию омӯзгории факултети электромеханика вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ, муовини ректор ҷиҳати ҷамбасти фаъолияти илмии устодони факултет аз рӯи нақшаҳои инфиродии устодон барои моҳҳои сентябр — декабри соли 2020, ки характери ҷамъбастии тадқиқотҳои панҷсолаи илмиро дар бар мегирифтанд маърӯза намуда, натиҷаҳоро баррасӣ намуд, дар ин бора аз сохтори илм ба шуъбаи иттилоот хабар доданд.

 

Муовини ректор дотсент Насриддинов З.З.  корҳои иҷрошударо дар алоҳидагӣ мувофиқи ҳар як кафедра ва инфиродӣ дар шахсияти ҳар як омӯзгори кафедра натиҷагирӣ намуд ва аз таҳияи монографияҳои гурӯҳии таҳиянамудаи омӯзгорон дар такя ба таҳқиқотҳои нақшавӣ изҳори миннатдорӣ намуд ва идомаи чунин иқдомҳоро талаб намуд.

Ҳамчунин, ректор дотсент Насриддинов З.З. масъалаи таҳияи нақшаҳои панҷсолаи минбаъдаи илмиро мавриди баррасӣ қарор дода,  иброз дошт, ки ҳар як мудири кафедра вазифадор карда мешавад, ки ба корхонаҳои саноатии кишвар сафар намуда, тибқи масъалагузории реалии корхонаҳои саноатӣ корҳои илмӣ — таҳқиқотиро ба нақша гирад ва ба аъзоёни кафедра ҷиҳати ҳалли муаамо ва ҳамкорӣ бо корхонаҳоро ба роҳ монад.

Қайд карда шуд, ки беҳтар аст, олимони мо барои пешрафти соҳаи саноат ва бо дарназаргирии вазъи имрӯза барои пешрафти соҳаи мазкур ҳангоми банақшагирӣ ва интихоби самти кори илмӣ мавзӯҳои муҳим ва натиҷадиҳандаро барои рушди истеҳсолот интихоб намоянд. Ҳамзамон моҳи январ дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баррасии корҳои ба нақшагирифтаи илмиро ба роҳ монанд.

Дотсент Насриддинов З.З., оид ба таъғйиротҳои минбаъда дар самти фаъолияти илмӣ, назорат ва иҷроиш суханронӣ намуда, илова кард, ки минбаъд нақшаҳои инфиродиро раёсати илм тартиб дода, барои корбарӣ ба кафедраҳо ирсол менамояд. Ҳамчунин фаъолияти муштараквазифаҳои дохилӣ низ ба нақшаи инфиродӣ ворид карда мешавад. Минбаъд ҳар се моҳ тариқи маблағ фаъолияти илмии омӯзгорон натиҷагирӣ карда мешавад.

Дар охир раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, бори дигар аз мудирон даъват ба амал овард, ки таҳияи нақшаҳои минбаъдаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, ӯҳдадориҳои илмӣ ва нақшаҳои инфиродиро зери назорати доимӣ қарор диҳанд ва беҳтар мебуд, ки мавзӯҳои корҳои илмӣ барои рушди самти соҳаи саноати миллӣ нигаронидашуда бошанд,то саҳме аз ҷониби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои рушд ва тақвияти соҳаи саноат дар замони муосир гузошта шавад.

М. Сайидзода