Дар санаи 11.01.2021с., муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмиллалӣ Насриддинов Замониддин бо роҳбарият ва ҳайати омӯзгорон ва кормандони факултети металлургия вохӯрӣ анҷом дод. Дар рафти вохӯрӣ, муовини ректор ҷиҳати ҷамбасти фаъолияти илмии омӯзгорони факултет аз рӯи нақшаҳои инфиродии омӯзгорон барои моҳҳои сентябр — декабри соли 2020, ки характери ҷамъбастии тадқиқотҳои панҷсолаи илмиро дар бар мегирифтанд, маърӯза намуда, натиҷаҳоро баррасӣ намуд.
Муовини ректор Насриддинов З.З., корҳои иҷрошударо дар алоҳидагӣ мувофиқи ҳар як кафедра ва инфиродӣ дар шахсияти ҳар як аъзои кафедра натиҷагирӣ намуд. Қайд карда шуд, ки бо такя аз ин таҳқиқотҳои нақшавӣ, монографияҳои гурӯҳӣ таҳия карда шудаанд, ки боиси ифтихор ва нишонаи фаъолияти пурсамари кафедраҳои тобеи факултет мебошад.
Ҳамчунин, муовини ректор дотсент Насриддинов З.З.,, масъалаи таҳияи нақшаҳои панҷсолаи минбаъдаи илмиро мавриди баррасӣ қарор дода, қайд намуд, ки ҳар як мудири кафедра вазифадор карда мешавад, ки ба корхонаҳои саноатии кишвар сафар намуда, тибқи масъалагузории воқеии корхонаҳои саноатӣ, корҳои илмӣ — таҳқиқотиро банақшагирӣ ва барои иҷро байни аъзоёни кафедраҳо тақсим кунад. Ҳангоми банақшагирӣ ва интихоби самти кори илмӣ мавзӯҳои мубрам ва ба саноат нигаронидашуда, интихоб карда шаванд.
Моҳи январ дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишкада баррасии корҳои ба нақшагирифтаи илмиро ба роҳ монанд.
Насриддинов З.З., оиди таъғйиротҳои минбаъда дар самти фаъолияти илмӣ, назорат ва иҷроиш ҳарф зада, қайд намуд, ки минбаъд нақшаҳои инфиродиро раёсати илм тартиб дода, барои корбарӣ ба кафедраҳо ирсол менамояд. Ҳамчунин фаъолияти муштараквазифаҳои дохилӣ низ ба нақшаи инфиродӣ ворид карда мешавад.
Минбаъд ҳар се моҳ тариқи маблағ фаъолияти илмии омӯзгорон натиҷагирӣ карда мешавад.
Дар интиҳо раёсати илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ, бори дигар аз мудирон даъват ба амал овард, ки таҳияи нақшаҳои минбаъдаи корҳои илмӣ, чорабиниҳои илмӣ, ӯҳдадориҳои илмӣ ва нақшаҳои инфиродиро зери назорати доимӣ қарор диҳанд.
М. Сайидзода