Имрӯз муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин дар як ҷаласаи муҳими ҳизбӣ ва конфронси вилоятӣ бо Ифтихорномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.
Ифтихорномаро ба муовини аввали ректор муовини якуми раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Абдуҷаббор Азизӣ ва раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода тақдим намуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддинро барои ноил гардидан ба ин мукофоти олӣ табрику таҳният гуфта, барояшон барору комёбиҳо таманно менамоем.
Ёдовар мешавем, ки Насриддинов Замониддин аз аъзоёни фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва аз зумраи олимони ҷавон ва мутахассисони ҷавон буда, барои тарбияи насли ҷавон ва рушди соҳаи саноат саҳми арзанда гузоштааст.
Бори дигар мукофоти олии ҳизбӣ хуҷаста бод муҳтарам Насриддинов Замониддин!