Санаи 29-уми ноябрии соли равон тибқи нақшаи муштараки баргузории силсилаи мулоқоту вохӯриҳои сохторҳои дахлдор дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон хониши сиёсӣ, таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон- омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ” бо донишҷӯёни бахшҳои 1 ва 2-юми факултети металлургияи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар мулоқот муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода, муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна иштирок ва суханронӣ намуданд.
Мулоқотро муовини ректор оид ба корҳои тарбия дотсент Аминҷонова М.С. ҳусни ифтитоҳ бахшида, қайд намуд, ки омили муҳимтарини ҳастии миллат, ҳуввияти миллӣ, сарчашмаи тамоми хушбахтиҳо ва ваҳдати миллату пешрафти ҷомеа ин нерӯи муттаҳид будани насли ҷавон аст.
Сипас, муовини Раиси филиали Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон дар вилояти Суғд Фирдавс Фахриддинзода оид ба мазмуну муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” маърӯза намуда, қайд кард, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташаккул додани амнияти шаҳрвандӣ, сифатҳои баланди ахлоқӣ, ҳуввияти миллӣ, тафаккур ва ҳисси ватандӯстӣ дар ниҳоди шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” қабул карда шуд.
Дар интиҳо зикр гардид, ки мо бояд минбаъд низ манфиатҳои давлатию ҷамъиятиро аз манфиатҳои худ боло гузорем, ватандӯсту ватанпараст бошем ва тамоми дониш ва таҷрибаи худро ҷиҳати ободу зебо гардонидани кишвари азизамон сафарбар намуда, барои ҳифзи марзу буми кишвари хеш омода бошем.