Санаи 5.09.2022с. муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда бо донишҷӯёни муқими хобгоҳ баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур муовини ректорро сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, масъули хобгоҳҳо Азизов Қурбон ва муовинони тарбияи факултетҳо ҳамроҳӣ намуданд.
Дар мулоқоти мазкур роҷеъ ба тарзи дуруст ба бар намудани сару либос, тарзи дуруст истифода намудани хобгоҳ, тозагӣ, одоби муошират, истифодаи дурусти телефонҳои мобилӣ, хатари шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, истифода аз китобхонаи донишкада, гуфта шуд. Сипас, бо донишҷӯён масъулини тарбия баъзе дастурҳоро дода, онҳоро шуниданд.
Ба ҳама суолҳои донишҷӯён муаллимаи арҷманд муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда посух дода, қатъан талаб намуд, ки донишҷӯён вақти худро беҳуда нагузаронанд ва дар маҳфилҳо ширкат намуда, донишҳои хешро мукаммал намоянд.
Шуъбаи иттилоот