МУЛОҚОТ ДАР ДКМТ: ТАРБИЯИ ВАТАНДӮСТИИ ШАҲРВАНДОН

Дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд бо мақсади шарҳу тавзеҳи суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони ҷомеаи мамлакат 9 марти соли 2024 ироа гардидааст, ҳамзамон ҷиҳати татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон” дар якҷоягӣ бо субъектони татбиқкунандаи Қонун, ки вазорату кумитаҳои дахлдори идеологӣ маҳсуб меёбанд, дар толори ососии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқот доир ба таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон ва тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон таҳти унвони “Тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон – омили таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ”, роҳандозӣ гардид.
Мулоқоти мазкур бо иштироки Зулфиқор Гулаҳмадзода – Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нигорахон Ғаффорзода – Раиси шаҳри Бӯстон, Мансур Ниёзӣ намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бахтиёр Исматҷонов – сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд, ҳайати гурӯҳи корӣ ва омӯзгорону донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид.
Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, доир ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва ҳувияти милли ҷавонон табодули афкор намуда, дарҷ намуданд, ки бақои ҳар миллату давлат ва рушди озодонаи ҳар як фард ба худшиносиву ҳисси баланди ватандӯстӣ вобастагии мустақим дорад. Яъне таҷрибаи давлатдории халқҳои олам собит менамояд, ки ҳастии ҳар давлату ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он маҳз ба ҳисси миллии ватандӯстӣ кафолати муҳимтарини бақои миллату давлат вобастагии мустақим дорад. Яъне ҳар як шахсро ҳушдор медиҳад, ки худшиносии миллӣ ва ватанпарастиро шиори доимии хеш қарор дода, баҳри ободию устувории давлати cоҳибистиқлоламон саҳми арзандаи хешро гузорад. Нагузорад, ки ягон қувваи носолиму ғаразнок теша ба решаи пойдории ваҳдати миллию рушди иқтисодии давлати мо зананд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот оид ба баракати муқаддастарин неъмати зиндагии халқамон – истиқлолу озодӣ ва дунявӣ будани давлатамон суханронӣ намуда, аз бузургдошти шахсиятҳои бонуфузи илмӣ ва динӣ – Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Абдураҳмони Ҷомӣ, Муҳаммади Хуҷандӣ, Абӯрайҳони Берунӣ, Муҳаммади Ғазолӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ва дигарон, чопи осори зиёди ахлоқиву илмии мутафаккирони гузашта, ба забони тоҷикӣ тарҷума кардану се маротиба нашр намудани Қуръони карим ва ба мардуми Тоҷикистон дастрас гардонидани он ёдовар шуданд. Дар ин маврид муҳтарам Ҷаноби Олӣ иброз доштанд, ки: фарде, ки дар Тоҷикистон ношукрӣ аз ин сарзамин мекунад, аз ин сарзамини биҳиштосои аҷдодӣ ношукрӣ мекунад, оҷиз мешавад! – тазаккур доданд зимни суханронӣ Мансур Ниёзӣ намояндаи Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.