Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардида истодааст.
Дар вохӯрии мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович суханронӣ намуда, оид ба дастоварду комёбиҳо, имкониятҳои таҳсил, имтиёзҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои довталабон маълумот доданд. Дар рафти муаррифии ихтисосҳо ва дастовардҳои донишкада маълум гардид, ки довталабон бештар ба ихтисосҳои дар донишкада буда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аксарият хоҳиши ҳуҷҷати худро ба ихтисосҳое, ки имрӯз ба талаботи замон ҷавобгу мебошад супоранд.