Дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон доир ба нақша чорабинии ҳамкорӣ оид ба баланд бардоштани маърифати ҷомеа, баланд бардоштани рӯҳияи худогоҳиву хештаншиносӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва фаъолона ширкат варзидан дар маъракаҳои интихоботӣ, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, террористӣ-эктремистӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва таъмини талаботҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Нуриддин Саид, Нурмухамедов А.У- коршиноси КМИР ҶТ, Муҳиддинзода Д. Ҳ.- муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили РМЗҶМ дар вилояти Суғд, Фахриддинзода Ф мудири бахши варзиши раёсати кумитаи кор бо ҷавонони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд баргузор гардид.
Дар мулоқоти имрӯза Абдуллоҷон Нормуҳаммедов – коршиноси Комиссияи маркази интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи “Интихобот ҳамчун падидаи ҷомеаи демакратӣ”, Саид Нуриддин – Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масоили “Илму маърифат асоси муқовимат бо терроризму экстремизм ва ифротгароӣ”, Шаҳбоз Ахмедов, мутахассиси пешбари раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Суғд оиди “Худшиносии миллӣ ва ифтихори ватандории ҷавонон омили таҳкими субот дар ҷомеа” баромад доштанд.
Зимни мулоқот масъалаҳои муҳими рӯзмарра баррасӣ гардида, чанд тан аз маърӯзачиён баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. Аз ҷумла Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин ҳини баромади хеш перомуни хатарҳо ва зуҳуроти номатлуби ҷаҳонишавӣ, гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан ронда, роҳи аслии мубориза ва муқовимат бо хатарҳои замони муосирро дар соҳибмаълумот гардонидани насли ҷавон донист. Мавсуф қайд намуд, ки омили аслии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистиро надоштани иттилоотӣ дақиқ ва саҳеҳ арзёбӣ намуд.
Дар интиҳо саволу ҷавоб миёни омӯзгорону меҳмонон сурат гирфт, ки чорабиниро боз ҳам рангинтар гардонид.
Баъд аз интиҳои чорабинӣ Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Саид Нуриддин аз бинои Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон ва варзишгоҳу хобгоҳи нави замонавии донишкада, дидан намуда, ба заҳматҳои зиёди ректори муҳтарам Фозилзода Мухтор ва дигар устодон баҳри ободониву гулгулшукуфоии саҳни донишкада баҳои баланд дода, изҳори қаноатмандӣ намуд.