Имрӯз дар толори Шӯрои олимони донишкада мулоқоти омӯзгорону мураббиён бо волидайни донишҷӯёни факултаҳои корҳои кӯҳӣ ва металлургия сурат гирифт. Дар мулоқоти мазкур нахуст муовини ректор оид ба корҳои тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон дар бораи интизоми донишҷӯён ва қоидаҳои марбути рафтори донишҷӯ, риояи одоюу ахлоқ, арҷгузори ба арзишҳои инсонӣ сухан ронда, сипас раҳматномаи роҳбарияти донишкадаро ба волидайни донишҷӯён расонид ва ба онҳо ҷиҳати тарбияи фарзандони нек миннатдорӣ намуд.
Сипас, доир ба фаъолияти донишҷӯён, ҳозиршавии донишҷӯён ба дарсҳо, иштирок дар корҳои ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқи донишҷӯён ва супоридани маблағи шартномаи таҳсил деканҳои факултетҳои корҳои кӯҳӣ ва металлургия Самадова Гули ва Шамсиддинов Шуҳратҷон суханронӣ намуда, аз волидайн хоҳиш намуданд, ки нисбати тақдири фарзандони хеш бетараф набошанд.
Баъдан, ба як қатор волидайни донишҷӯёни фаъол ва пешсаф сипономаи раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Дар интиҳо як қатор волидайн ба омӯзгорону кормандони донишкада изҳори миннатдории хешро баён намуданд.
Шуъбаи иттилоот