Дирӯз, омӯзгорони кафедраи конҳои канданиҳои фоиданок зери роҳбарии мудири кафедра Мутаваллиев Абдуваҳоб, Бобоҷонов Савриддин ва Нурматова М. ба макотиби шаҳри Гулистон рафта, ба хатмкунандагон мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Дар вохӯриҳо омӯзгорон аз имкониятҳои донишкада, ихтисосҳо ва афзалиятмандиву муҳимияти ихтисосҳои мавҷуда сухан ронда, ояндадор будани ихтисосҳоро таъкид намуданд. Ҳамчунин, омӯзгорон аз муваффақияту дастовардҳои хатмкунандагони донишкада ба хонандагон маълумот доданд.
Ёдовар мешавем, ки дар умум омӯзгорон бо хонандагони 5 муассисаи таълимии шаҳри Гулистон вохӯриву машваратҳо гузарониданд.
Таъкид намудан зарур аст, ки ин аввалин вохӯрии омӯзгорон бо хатмкунандагони макотиби миёна дар давраи “Довталаб-2022” мебошад.
Шуъбаи иттилоот