Дирӯз, дар толори маҷлисгоҳи калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти намояндаи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд Турсунзода Нозимҷон бо донишҷӯён баргузор гардид.
Чорабиниро нахуст муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, ба донишҷӯён зарурияти вохӯриву мулоқоти мазкурро муҳим арзёбӣ намуда, таъкид доштанд, ки гузаронидани ин гуна мулоқотҳо бо масъулон ва намояндагони мақомот андешаронии донишҷӯёнро тағйир медиҳад. Сипас, суханро ба Нозимҷон Турсунзода доданд, ки мавсуф дар бораи хатарҳои ифротишавӣ, пайомадҳои ногувори терроризму экстремизм ва гумроҳшавӣ сухан ронда, ҳифзи арзишҳои миллиро муҳим арзёбӣ намуд.
Ҳамчунин, Турсунзода Н. роҷеъ ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва истифодаи дурусти он ҳарф зада, аз нодуруст ва бемаврид истифода намудани он аз ҷониби ҷавонон ёдовар шуда, хатарҳои шабкаҳои иҷтимоӣ ва иттилоти манфиро ба ҳозирин шарҳ дод.
Дар интиҳои чорабинӣ суолу ҷавоб байни донишҷӯён ва меҳмон сурат гирифт, ки донишҷӯён ба суолҳои додаи хеш посухҳои амиқ гирифтанд ва ба намояндаи Шуъбаи минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд Турсунзода Нозимҷон ҷиҳати чунин як мулоқоти ошкоро ва расонидани иттилооти муҳим изҳори сипосмандӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот