Дар асоси дастури роҳбарияти олии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳои ифротӣ, хурофотпарастӣ, даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии гурӯҳи корӣ дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Салимов Фирдавс, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ иштирок намуданд.
Нахуст раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бустон Ҷалолзода Миршакар Саид сухани ифтитоҳӣ намуда, ҳозиринро муаррифӣ намуда, зикр карданд ки имруз ҷомеаи моро вабое бо номи хурофот фаро гирифтааст, ки ин зуҳур ба мафкураи насли наврас таъсире манфие мерасонад, чун тавассули ҷаҳл ҷомеа унсури мавҷудимятро гум мекунад.Пас мо ҷавононро лозим аст, ки ин зуҳуротро ҳарчӣ тезтар аз байн барему, ҷомеаи тамаддунсози навинро бунёд кунем, дониш омузем, забонҳои хориҷиро аз худ кунем, фақат роҳзи ба камолот расиданги танҳо тавассути маънавиёт имконпазир аст.
Ректори донишкада профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ баромад карда, қайд намуданд, ки ҷавонон пешбарандаи ҷомеаи имрӯзу фардо мебошанд, унсури асосии маънавиёт танҳо тавассути хиради комил бунёд мешавад.
Аз ин рӯ, ҳар як ҷавони қавииродаро лозим аст, ки баҳри ватани азизамон хизматҳои шоён намуда, пеши роҳи тамоми хурофотпарастиро гирифта, истиқлолияти Тоҷикистонро чун арзишмандарин неъмат ҳифзу эҳтиром кунад.
Дар фарҷом табодулли афкор сурат гирифта, донишҷуён саволҳо пешниҳод намуда, ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.