Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва судманди Раёсати Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон санаи 5-уми апрели соли 2024 вохӯрии сардори шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милитсия Ҳакимзода Ҷаҳонбин ва сардори ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон лейтенанти калони милитсия Ҳотамов Меҳробшоҳ дар мавзӯи “Вазъи садаманокӣ дар миқёси вилоят ва тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунӣ ва ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷиҳати иҷроиши Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳозиршавии донишҷӯён бо мошини шахсӣ ба дарс”, бо ҳайати омӯзгорону кормандон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Вохӯриро мутахассиси шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Ҷалолов А.Ҷ. бо сухани ифтитоҳӣ оғоз намуда, қайд намуд, ки ҳамкориҳои судманди раёсати донишкада бо ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва ШБДА-и ШВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мунтазам тақвият меёбад. Мавсуф иброз дошт, ки бо мақсади пешгирӣ намудани сабабу шароитҳои ба ҷиноятсодиркунии мусоидаткунанда, вайрон намудани қоидаҳои роҳ, ҳуқуқвайронкуниҳо, даст назадани донишҷӯён ба ҳодисаҳои номатлуби ҷомеа дар донишкада чунин вохӯриҳо мунтазам ба роҳ монда мешавад.
Сипас, сардори шуъбачаи ташвиқот ва тарғиботи ШБДА РВКД -и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд майори милитсия Ҳакимзода Ҷаҳонбин баромад намуда, зикр намуд, ки дар ҳудуди вилоят бо мақсади пешгирии ҳолатҳои садамавӣ мунтазам амалиёти “Пиёдагард” гузаронида мешавад ва аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки барои саҳм гузоштан дар ин амалиёт қоидаҳои ҳаракати роҳро аз он ҷумла, пиёдагардонро риоя намуда, дар амалиёти мазкур саҳми худро гузоранд.