Имрӯз, дар саҳни майдончаи варзишии тозабунёди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сӯҳбати самимии ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо кормандону сардорони шуъбаву раёсатҳо ва деканҳову сохтори хоҷагӣ баргузор гардид. Ректори донишкада, муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст ҳозиринро барои ширкат дар роҳпаймоии идона ва фаъолияти пурсамар ҷиҳати пешвози меҳмонони олиқадр изҳори сипосмандӣ намуданд.
Ректори донишкада ҳамчунин ба ҳозирин изҳор доштанд, ки ин ҳама шароит ба мо маорифчиён бо ғамхориву сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фароҳам омадааст ва мо бояд дар ҷавоб якдилонаву содиқона барои давлату миллати худ хидмат намоем ва дар тарбияи насли ҷавон саҳмгузор бошем.
Дар интиҳо ректори донишкада бори дигар ба ҳозирин ҷиҳати дар сатҳи хуб омода намудани иншоотҳои замонавӣ изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамагон муваффақияту комгорӣ таманно намуданд.
Шуъбаи иттилоот