Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада мулоқоти роҳбарияти факултети электромеханика бо волидони донишҷўёни бахши якум баргузор гардид. Чорабиниро муовин декани факултети электромеханика оид ба тарбия устод Саидов Анвар ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба фаъолияти мураббиён ва гурӯҳи корӣ сухан ронда, сипас риштаи суханро ба декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолуддин дод. Профессор Қозиев Камолуддин нахуст ҳозиринро ба донишкада хайрамақдам намуда, сипас оид ба рафтори донишҷӯён, имконияти зисту зиндагонӣ ва таҳсил, ҳолати озмоишгоҳҳо ва риояи қоидаҳои ягона барои донишҷӯён сухан ронда, таъкид намуд, ки вазифаи мо, омода намудани мутахассисони варзида соҳа мебошад ва дар баланд бардоштани рӯҳияи донишҷӯён волидайн низ бояд саҳм гузоранд.
Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур муовини ректор оид ба тарбия профессор Аминҷонова Мавлудахон низ суханронӣ намуда, роҷеъ ба ғамхории роҳбарияти донишкада нисбати донишҷўён сухан ронда, таъкид намуд, ки дар донишкада тамоми шароит фароҳам оварда шудааст ва донишҷўёнро лозим аст, ки фақат хонанд. Ҳама гуна ғамхорӣ нисбати донишҷўён равона карда шудааст ва волидони муҳтарам бояд аз ҳоли фарзандони худ хабар гиранд.
Дар интиҳои чорабинӣ волидайн низ ба садорати факултет суолҳо дода, посухҳои амиқ гирифтанд.
Садорати факултети аз меҳмонон даъват намуд, ки аз озмоишгоҳҳои донишкада боздид ба амал оваранд.