Имрӯз, тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо хатмкунандагони макотиби миёнаи ноҳияи Зафаробод мулоқот намуд. Зимни баромади хеш ректори донишкада аз ғамхориҳои падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар гардида, изҳор дошт, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон маҳз ба хотири дастгирии шаҳрвандони Тоҷикистон таъсис дода шуда, донишгоҳи камназир дар кишвар мебошад.
Ҳамчунин, мавсуф дар баромади хеш қайд намуд, ки ихтисосҳои донишкада барои шароити минтақа мусоид буда, хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат фавран бо ҷойи кор таъмин карда мешаванд.
Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки аллакай корхонаҳои саноатӣ барои омода намудани 5000 мутахассиси соҳаи кӯҳкориву металлургия, барқу мошинсозӣ ва геология дархост фиристодаанд, ки ҳеҷ як хатмкунандаи донишкада беҷойи кор намемонад.
Ҳамзамон, илова намуд, ки маоши баландтаринро имрӯз дар кишвар хатмкунандагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мегиранд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дорои 4 факултет ва 21 ихтисоси муҳим барои соҳаи саноат буда, довталабон метавонанд дар Маркази миллии тестӣ аз рӯи рамзи 201 донишкадаро интихоб намоянд.
Бояд илова намуд, ки интихоби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон интихоби масири дуруст дар самти сохтани зиндагии беҳтар ва босаодат мебошад.