Тибқи ҷадвали тасдиқнамудаи раёсати вилояти Суғд тамоми роҳбарияти муассисаҳои олии мамлакат бояд бо хатмкунандагони шаҳру навоҳии вилояти Суғд мулоқот намоянд. Имрӯз дар доираи ҳамин нақшаи тасдиқгардида ректори донишкада бо хатмкунандагон макотиби миёнаи ноҳияи Деваштич мулоқот намуд.
Нахуст, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз имконият ва шароити мавҷуда, ихтисосҳои беҳтарини донишкада, ҳамкориҳо бо корхонаҳои саноатӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои хориҷӣ ёдовар шуда, интихоби Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро интихоби дуруст ва ояндасоз номиданд.
Ҳамчунин, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз саноатикунонии босуръати кишвар ёдовар гардида, таъкид намуданд, ки маҳз хатмкунандагони донишкадаи мо метавонанд, барои рушди ояндаи саноат саҳмгузор бошанд. Зимни мулоқот бо муҳассилини макотиби миёнаи ноҳияи Деваштич арз карда шуд, ки имрӯз хатмкардагони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро бо ҳамин диплом дар корхонаҳои бузурги саноатӣ ба кор мегиранд ва ҳоло зиёда аз 120 нафар дар корхонаҳои саноатии Россия фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки рамзи донишкада дар Маркази миллии тестӣ 201 буда, довталабон метавонанд, барои сохтани ояндаи дурахшони хештонро интихоб намоянд.