Имрӯз, дар утоқи кории муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёни бахши якуми ихтисоси заргарии факултети металлургия баргузор гардид. Дар мулоқоти мазкур ректори донишкадаро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳратҷон ҳамроҳӣ намуданд.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст аз ҳолу аҳволи донишҷӯён пурсон шуда, сипас аз шароити таълим ва имкониятҳои фароҳамомада суолгузорӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар мулоқоти мазкур ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба бурсияҳои байналмиллалӣ, ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин ва имконияти табодули донишҷӯён ва идомаи таҳсил дар Ҷумҳурии мардумии Чин гуфта гузашт.
Таъкид карда шуд, ки донишҷӯёни ихтисоси заргарӣ пас аз ду соли таҳсил метавонанд, дар оянда таҳсилашонро дар донишгоҳҳои Ҷумҳурии мардумии Чин идома диҳанд. Дар ин бора шартномаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо муассисаҳои олии Ҷумҳурии мардумии Чин аллакай ба имзо расидааст.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён барору муваффақият ва бурдборӣ таманно намуда, ишора намуданд, ки чӣ мушкиле пеш ояд марҳамат муроҷиат намоед, лекин бо баҳои хубу аъло хонданро фаромӯш насозед.
Шуъбаи иттилоот