Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар толори маҷлисгоҳи бинои асосӣ бо донишҷӯёни факултетҳои металлургия, иқтисодиёти саноатӣ ва зеҳни сунъӣ мулоқот намуд. Дар мулоқоти мазкур роҷеъ ба риояи одоби донишҷӯӣ, қоидаву рафтори ягона, риояи тартиботи ҷоригардида, ширкати фаъол дар дарсҳо, хубу аъло хондан, ширкат дар маҳфилҳо, омодагӣ ба олимпиадаҳои фаннӣ, истифодаи оқилонаи телефонҳои ҳамроҳ ва интернет, эҳтиёткорона истифода намудани шабакаҳои иҷтимоӣ, ҳисси баланди меҳандӯстӣ, содиқона хидмат намудан ба халқу Ватан, дӯст доштани волидайн, эҳтироми калонсолон, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ва ғайра сухан ронда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки доим фаъол бошанд ва вақти хешро самаранок истифода баранд.
Ҳамзамон, муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда суханронӣ намуда, сипосмандӣ ва миннатдории садорати факултетҳо ва донишҷӯёнро ба ректори донишкада изҳор дошта, арз намуд, ки минбаъд низ донишҷӯён бояд ҳамеша фаъол ва дар корҳои тарбиявӣ саҳмгузор бошанд.
Дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз тамоми донишҷӯён хоҳиш намуд, ки дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзанд ва чӣ камбудиву мушкилоте дошта бошанд, мустақиман ба роҳбарияти донишкада муроҷиат намоянд. Илова намуд, ки роҳбарияти донишкада ҳамеша омода аст, то ба донишҷӯён кумаки хешро расонад.
Шуъбаи иттилоот