Дирӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ директори ҶДММ “Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой” Ти Ян Шин ба ҳузур пазируфтанд.
Дар мулоқоти мазкур ҷонибҳо нахуст аз ҳамкориҳои судманди якҷоя изҳори сипосмандӣ намуда, сипас баҳри бавуҷудовардани имкониятҳои нави ҳамкорӣ гуфтушунид анҷом доданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҷиҳати таъмин намудани корхонаи мазкур бо мутахассисони варзидаи соҳа омодагии хешро баён намуда, изҳор доштанд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон имрӯз барои расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ саноатикунии босуръати кишвар, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидааст, як қатор имкониятҳоро баҳри омода сохтани мухтахассисони варзида фароҳам овардааст, ки дар ин самт мо метавонем ба тамоми корхонаҳои истеҳсолӣ мусоидат намоем.
Ҳамчунин, ректори донишкада хостори аз ҷониби корхонаи мазкур зиёдтар таъмин намудани донишҷӯён ба корҳои таҷрибаомӯзӣ ва фаъолияти доимӣ гардиданд, ки аз ҷониби роҳбари ҶДММ ” Ширкати саноатии Тоҷикистону Хитой” Ти Ян Шин хуш пазируфта шуд.
Ҷонибҳо дар мулоқоти имрӯза ба хулоса расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро ҷиҳати татбиқи илм ба истеҳсолот густариш медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо зиёда аз 75 корхонаҳои истеҳсолии кишвар шартнома бастааст ва хатмкунандагони ин боргоҳи маърифат метавонанд, пас аз хатм дар ин корхонаҳо фаъолият намоянд.
Шуъбаи иттилоот