Мулоқоти Раҳимов Ҷ. бо хатмкунандагони макотиби миёнаи ноҳияи Ашт

Омӯзгори кафедраи сохтмон ва корҳои маркшейдерӣ Раҳимов Ҷасур барои тарғибу ташвиқ ва шинос намудани донишҷӯён бо имкониятҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ба ноҳияи Ашт сафар намуда, бо хатмкунандагон вохӯриву мулоқот анҷом дод.

Дар ин сафар Раҳимов Ҷ.Ҷ. ба зиёда аз 11 мактаби миёнаи ноҳия рафта, бо хатмкунандагон мулоқоту вохӯрда аз имкониятҳо ва ихтисосҳои донишкада гуфтаанд.

Ёдовар мешавем, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар миқёсӣ ҷумҳурӣ мебошад ва аз базаи моддию техникии бой бархӯрдор мебошад.

М. Сайидзода