Имрӯз санаи 15-уми сентябри соли 2020 дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мулоқоти раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло бо донишҷӯёни фаъол баргузор гардид.
Зимни сафар ба донишкада Раҳмонзода Абдулло бо дастовардҳои варзишӣ ва ҳунарҳои дастии ҷавонони ДКМТ ошно гардида, сипас ба толори вохӯри ворид гардид.
Нахуст ректори ДКМТ Фозилзода Мухтор суханронӣ намуда, изҳор доштанд, ки имрӯз сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи як қатор иншооти таъиноти гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ ва мусоидат ба беҳдошти шароити иҷтимоии аҳолӣ ба вилояти Суғд оғоз гардидааст, ки ин ташрифи меҳмони олӣ моро низ дар қатори дигар сокинони вилоят хушҳол менамояд.
Пас аз он раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдулло суханронӣ намуда, ҷавононро аз пайомадҳои равандҳои навзуҳури амсоли ҷаҳонишавӣ ва дигар унсурҳои манфӣ, ки ба рушди кишвар таъсири манфӣ мерасонад, огоҳ гардонид.
Дар интиҳо донишҷӯи донишкада Ваҳдатшоҳ Мариншоев суханронӣ намуда, аз номи ҷавонони фаъоли маҳфили “Пайравони Пешвои миллат”-и донишкада Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳмонзода Абдуллоро хайрамақдам гуфта, изҳори миннатдорӣ кард.
Шуъбаи иттилоот