Мулоқоти раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А.Ш. бо олимони донишкада

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Розиқзода А.Ш. доктори илмҳои таърих, Гулаҳмадов Ҳ.Ш.- мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва техникии КОА, Маъруфӣ Р.Н.- мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои ҷамъиятӣ-гуманитарии КОА бо аъзои Шӯрои олимони донишкада ва дигар номзадҳову пажӯҳандагони роҳи илм сурат гирифт.
Чорабиниро нахуст, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ифтитоҳ намуда, суханро ба раиси КОА Розиқзода А.Ш. доданд.
Муҳтарам Розиқзода А.Ш. роҷеъ ба авзои ҳозираи илм, сатҳи навиштори рисолаҳои илмӣ, докторӣ ва дигар маводҳои илмӣ сухан ронда, ҳамчунин аз набудани баъзе мутахассисон изҳори нигаронӣ намуд. Розиқзода А. ҳамзамон аз пешрафти донишкада ва корҳои созандагиву бунёдкорӣ бо роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ изҳори миннатдорӣ намуда, дар ин даври зиёд гардидани сафи унвонҷӯён ва номзадони илмро фоли нек арзёбӣ намуданд.
Сипас, суолу ҷавоб байни ҳозирин сурат гирифт, ки ба раиси КОА муовини ректор оид ба тарбия дотсент Аминҷонова М.С. ва муовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З. пешниҳодҳо намуданд.
Баъдан, ректори донишка профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба меҳмонон ҷиҳати ширкат ва машварати сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, қайд кард, ки хушбахтона бо баракати соҳибистиқлолӣ ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илми миллӣ рушд намуда, имрӯз натиҷаҳои назаррас дода истодааст ва мо олимон донишкада низ бояд Шӯрои диссертатсиониро дар назди донишкада таъсис дода, мутахассисони варзидаро ба роҳи илм равона созем.


Шуъбаи иттилоот