Имрӯз, профессор Файзулло Машраб дар толори Шӯрои олимони донишкада бо донишҷӯёни факултети иқтисодиёти саноатӣ мулоқот намуд. Зимни суҳбат роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷиикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан гуфта, муҳим будани омӯхтани риштаи иқтисодиётро қайд намуд.
Ҳамчунин, профессор Файзулло Машраб дар бораи пешрафтҳои кишвари азизамон Тоҷикистон сухан ронда, ба донишҷӯён ва ҳозирин аз нишондиҳандаҳои рушд ёдовар шуд.
Ҳамин хел пас аз маърӯзаи пурмуҳтавои профессор Файзулло М.Қ. суолу ҷавоб сурат гирифт, ки донишҷӯён ба суолҳои хеш посухҳои амиқ гирифтанд.
Шуъбаи иттилоот