Имрӯз дар толори Шурои олимони донишкада мулоқоти ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо ҳайати кормандони бахши хоҷагидорӣ сурат гирифт.
Ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ сараввал роҷеъ ба дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҷеъ ба омодагӣ ба давраи тирамоҳу зимистон сухан ронда, ба масъулин ҷиҳати ҳаматарафа омода намудани муассиса ба давраи зимистонгузаронӣ супориш дод.
Сипас, роҷеъ ба тозаву покиза нигоҳ доштани саҳни донишкада, нигоҳубини гулистону роҳравҳои асосӣ, обёрӣ намудани заминҳову сабзазори донишкада супориш дод.
Зимни баргузории ҷаласа ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба ҳама кормандон дастур дод, ки содиқона кор кунанд ва фаромӯш насозанд, ки роҳбарияти донишкада доим ғамхору дастгирӣ кормандон аст ва ҳар як заҳмати софдилонаро қадр мекунад.
Дар интиҳо андешаи кормандони бахши хоҷагидорӣ шунида шуд.