Имрӯз, ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони факултети корҳои кӯҳӣ мулоқот намуданд. Дар ин мулоқоти ошкоро ректори донишкадаро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ва декани факултет Самадова Гули ҳамроҳӣ намуданд.
Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нахуст ба донишҷӯён аз дастовардҳо ва пешрафти кишвар зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин даврон маълумот дода, сипас аз ғамхории Пешвои муаззами миллат ба соҳаи маориф ва дастгириҳои пайвастаашон мисолҳо оварда, донишҷӯёнро ба пурра омӯхтани илмҳои замони муосир ҳидоят намуданд.
Ҳамзамон, ректори донишкада аз нарасадина мутахассисони варзидаи соҳаи кӯҳкорӣ ёдовар шуда, ба донишҷӯён хубу аъло хондан ва аз худ намудани ихтисосҳои соҳаи кӯҳкориро талаб намуданд. Дар рафти мулоқоти ошкоро ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ба донишҷӯён пешниҳод намуданд, ки чӣ камбудиву норасогие доред, ба шахсан ман муроҷиат кунед, нависед ва ман ба Шумо кӯмак мекунам. Имрӯз, ҳама шароит муҳайё карда шудааст, ба китобхона китобҳои нав харидорӣ карда шуд, китобхонаи электронии донишкада фаъол аст, аз Шумо талабот ҳамин аст, ки хонед ва мутахассиси хуб шавед.
Ҳамчунин, дар ин мулоқоти ошкоро доир ба дӯст доштани Ватан, расидан ба қадри неъматҳо ва ҳифзи арзишҳои миллӣ сухан рафта, ба донишҷӯён тавсия дода шуд, ки дар гирифтани тасмимҳои зараровар ба ҳаёти шахсӣ ва хатарнок ба ҷомеа ҳушёру зирак бошанд ва фирефтаи гурӯҳҳои ҷоҳталаб ва ифротӣ нагарданд.
Дар ин мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. ва декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Г. низ суханронӣ намуданд.
Шуъбаи иттилоот