Имрӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо донишҷӯёни факултети электромеханика мулоқот намуданд. Дар ин вохӯрӣ муовини аввали ректорро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ва декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин ҳамроҳӣ намуданд. Насриддинов З. нахуст ба донишҷӯён паёми ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро расонида, сипас ба донишҷӯён аз имкониятҳо ва ояндаи мутахассисони соҳаи энергомеханика ва мошинсозӣ густанд. Зикр карда шуд, ки Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадаи соҳавӣ дар ҷумҳурӣ буда, иқтисодиёти кишвар ба мутахассисони варзидаи ин соҳа сахт ниёзманд мебошад. Ҳамчунин, професссор Насриддинов З. таъкид намуданд, ки ҳоло дар донишкада тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст, дар назди корхонаҳои саноатӣ филиалҳои кафедраҳо кушода шудааст, ки донишҷӯён метавонанд, назарияро дар амалия дар ин филиалҳо татбиқ намоянд. Хонданд, дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бояд барои шумо ифтихор бошад, ҳеҷ як донишкада чунин имкониятро надорад ва фақат мо бо зиёда аз 84 корхонаи бузурги саноатии кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорем, ки хатмкунандагонамон барои дарёфти ҷойи корӣ мушкид пайдо намекунанд. Имрӯз, аз донишҷӯён фақат талаб карда мешавад, хубу аъло хонанд ва соҳаро аз худ намоянду халос. Чӣ камбудӣ ва пешниҳоде доред ба мо нависед, муроҷиат кунед, то роҳи ҳаллашро пайдо намоем.
Муовини аввали ректор муҳтарам Насриддинов Замониддин ҳамзамон таъкид намуданд, ки дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ягона донишкадае мебошад, ки мутахассисони варзидаро дар соҳаи саноат омода менамояд ва ягон хатмкардаи мо то ба имрӯз бекор намондааст ва рӯз аз рӯз ба мутахассисони донишкада ҷомеа ниёз пайдо кардаистодааст, ки ин боз ҳам исбот менамояд, ки соҳаи мазкур соҳаи ояндадор мебошад.
Ҳамчунин, дар ин мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. суханронӣ намуда, таъкид намуданд, ки донишҷӯён бояд китобҳои бадеӣ мутолиа намоянд ва вақти холии худро бо корҳои беҳуда нагузаронанд. Ҳоло, ба ҳама маълум аст, ки баъзе донишҷӯён имрӯзҳо барои гузаронидани вақти худ ба қиморхонаву дигар бозиҳои беҳуда мегузаронанд, ки ин сарфаи беҳудаи вақт ва оқибаташ пушаймонӣ мебошад. Ҳамчунин, Аминҷонова илова намуданд, ки донишҷӯён бояд зиракии сиёсии худро аз даст надиҳанд ва ба ҳар гуна ақидаҳои ифротӣ дода нашаванд, ки оқибати ҳамаи ин корҳо пушаймониву зиён ба хонавода мебошад.
Дар интиҳо декани факултети электромеханика Қозиев Камолуддин суханронӣ намуда, ба донишҷӯён аз қоидаҳои асосии донишҷӯён ва ҳатмияти он гуфта, таъкид намуданд, ки донишҷӯён бояд ҳадафи аслии хеш омӯхтани соҳаро фаромӯш насозанд ва даст ба амалҳои нангвовар назананд. Ҳоло мебинем, ки баъзе донишҷӯён ба кишварҳои хориҷӣ рафтаанд, ки ин кӯтоҳмуддат аст ва оянда боз инсон ба диплом ва ҷойи корӣ ниёз пайдо мекунад, ки он вақт дер хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоот