Мулоқоти омӯзгорон бо хатмкунандагони ноҳияи Спитамен

Дирӯз, омӯзгорони кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Абдуллоев Икром, Холова Ф., ва Иброимова О. барои тарғибу ташвиқи донишкада ба ноҳияи Спитамен сафар намуда, бо хатмкунандагони макотиби миёна мулоқоту вохӯриҳо гузарониданд.
Омӯзгорон ихтисосҳои донишкадаро муаррифӣ намуда, ояндадор будани онро фаҳмониданд.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз имрӯз кори тарғибу ташвиқ ба марҳала “Довталаб-2021” дар донишкада оғоз гардид.


Шуъбаи иттилоот