Мулоқоти намояндаи ширкати ООО ПВП АБС- и Федератсияи Русия Ҳоҷиев Умарҷон бо донишҷӯён

Гузаронидани мулоқоту вохӯриҳо аз ҷониби намояндагони ширкатҳои истеҳсолӣ бо донишҷӯён ҳамеша барои пешрафти кор мусоидат менамояд ва аз ҷониби дигар барои мукаммал гардидани дониши омӯзандагон ва ҳамзамон васеъ гардидани ҷаҳонбинии онон мусоидат менамояд.

Имрӯз,  дар дарси омӯзгорони кафедраи геология ва корҳои нафту газ Мирбобоев Шӯҳраиҷон ва Олимов Абдумалик мутахассиси саноати нафту газ,  сардори технологии ширкати ООО ПВП АБС- и Федератсияи Русия Ҳоҷиев Умарҷон ширкат намуда, бо донишҷӯён мулоқот кард.  Мавсуф, ҳамчун мутахассиси варзидаи соҳа роҷеъ ба технологияи инноватсионӣ дар саноати нафту газ, бозори нафту газ, ҷараёни истихроҷ, рақобати бозор, корёбӣ дар ин соҳа , эҷоди гурӯҳҳои соҳавӣ ва малакаву таҷрибаи хеш дар ин самт сухан ронда, перомуни нафту газ ба донишҷӯён маълумоти зиёде ироа намуд. 

Донишҷӯён ба Ҳоҷиев Умарҷон суолҳо дода, аз ӯ роҷеъ ба ояндаи ин соҳа, бурду бохт ва бозори гарми он пурсида, посухҳои амиқ гирифтанд.

Ёдовар мешавам, ки кафедраи нафту газ яке аз кафедраҳои пешсаф ва фаъол дар донишкада буда, тибқи талабот хатмкардагони он бештар дар коргоҳҳои бузурги истеҳсоли нафт чӣ дар дохил ва чӣ дар хориҷи кишвар ба кор даъват  карда мешаванд.