Имрӯз дар маҷлисгоҳи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти намояндагони ширкати “Южуралзолото”-и Федератсия Русия бо донишҷӯёни бахшҳои сеюм ва чорум баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба мақсаду маром ва ҳадафи меҳмонон сухан ронд. Сипас, намояндагони ширкати Южуралзолото доир ба ҳамкорӣ бо донишкада, шароити корӣ, ғамхориҳои ширкат ба кормандон, имконияти таҳсил ва таҷрибаомӯзӣ дар корхонаҳои Южуралзолото сухан гуфтанд.
Муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин чанд вижагиҳои ҳамкории донишкада бо ин ширкатро ташреҳ дода, қайд намуд, ки чунин қарордод барои рушди касбияти мутахассисони соҳа мусоидат менамояд.