Имрӯз, дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мулоқоти раиси Иттифоқи муттаҳидаи мустақили Тоҷикистон бо сокинони шаҳри Бӯстон баргузор гардид.
Меҳмонони олиқадрро ректор донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ истиқбол намуда, ба эшон аз дастовардҳои донишкада сухан гуфт. Сипас, иҷрокунандаи вазифаи раиси раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мавсума Муинӣ ва раиси Иттифоқҳои муттаҳидаи касабаи ҷумҳурӣ Маликшоҳ Неъматзода аз Маркази тестии навбунёд дидан намуданд.
Чорабиниро нахуст, иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ сухан ронда, изҳор доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра рушд намуда, ҳоло ҳамкориҳои байналмилалии кишвар хеле густариш ёфтааст ва имкониятҳои иқтисодӣ низ фароҳам омадааст… Ҳамчунин, иҷрокунандаи раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам М. Муинӣ ҷавононро ба ватандӯстӣ ва садоқату хештаншиносӣ даъват намуда, ҳифзи марзу бумро аз вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як шаҳрванд арзёбӣ намуданд.
Ҳамзамон, изҳор доштанд, ки минбаъд барои пешрафти шаҳри Бӯстон ва идомаи корҳои созандагиву ободонӣ дар шаҳр ман ба ёрдами ҳар яки Шумо ниёз дорам ва умед мебандем, ки мо дар якҷоягӣ барои пешрафти ободиву осоиштагӣ саҳми арзандаи хешро мегузорем. Зимни суханронии хеш и.в. раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Мавсума Муинӣ аз нишондодҳои афзоишёфта дар соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт дар кишвар сухан ронда, қайд намуданд, ки ҳамаи ин пешрафтҳо дар муддати хеле кӯтоҳ ба даст омадааст, яъне пас аз ба имзо расонидани Созишномаи истиқрори сулҳ. Ва мо, дар оянда талош менамоем, то дар ин фазои орому осуда ва осоишта зери сиёсати хирадмандонаи Сарвари маҳбуби кишвар шаҳрамонро боз ҳам ободу зебо гардонему дар пешрафти Тоҷикистон саҳми хешро гузорем.
Сипас, раиси Иттифоқи мустақили касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода суханронӣ намуда, роҷеъ ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таҳкими истиқлолияту ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот изҳори ақида намуда, ба ҷавонон муроҷиат намуд, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва барои ҳифзи Ватани азизамон Точикистон ҷонфидоӣ намоянд. Ҳамзамон, ӯ таъкид намуд, ки ҷаҳон имрӯз тағйир ёфт ва аз мо барои гузоштани номи нек ва мероси бузург ба насли оянда масъулияте дар пеш асту мо, бояд барои пешрафти кишвар ҳаматарафа талош кунем.
Баъдан, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суханронӣ намуда, таъкид намуд, ки бо саъю талошҳои пайваста талош менамоем, то ҳама сиёсати ғамхоронаи Пешвои муаззами миллатро дастгирӣ намуда, дар саноатикунии босуръати кишвар саҳми арзандаи хешро гузорем.
Дар интиҳо ба як қатор фаъолони иттифоқи касабаи шаҳри Бӯстон ва Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон сипосномаву ифтихорномаҳо тақдим карда шуд.
Ҳамчунин, ба ба ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ, корманди Иттифоқи касабаи донишкада Ахмедова Гулшан, омӯзгорони донишкада Муродов М., Ҳоҷиев Саидмуқбил, Саидов Асомиддин, Ҷабборова Мавзуна сипосномаи Иттифоқи муттаҳидаи касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.
Шуъбаи иттилоот