Дирӯз, муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо бо директори Донишкадаи байнисоҳавии такмили ихтисос ва бозомӯзии кадрҳои Донишгоҳи милии техникии Белоруссия профессор Сливанов Николай Михайлович мулоқот намуд.
Муовини ректор Умарҷонов Абдусафоро намояндаи вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ғозиев Ғайрат, ассистенти кафедраи таъминоти барқ Бобоев Шӯҳратҷон ҳамроҳӣ намуданд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ба тафовуқ расиданд, ки минбаъд ҳамкориҳоро ҷоннок менамоянд ва мутахассисонро ба Белоруссия ва Тоҷикистон барои такмили ихтисос мефиристанд. Ҳамзамон, дар мавриди табодули тарзу усули тадрис низ ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд.
Дар мавриди ҳамкориҳои минбаъда чанд созимнома ба имзо расонида шуд.
Дар ин бора ба шуъбаи иттилоот аз шаҳри Мински Белоруссия сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ Муҳаммадиев Акбар иттилоъ дод.
Шуъбаи иттилоот