Имрӯз дар бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Айнӣ тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи Раиси вилояти Суғд вохӯрии роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии вилоят бо хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор гардид.
Дар вохӯрии мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин Зайниддинович суханронӣ намуда, оид ба дастоварду комёбиҳо, ихтисосҳои мавҷуда, хобгоҳҳо, имкониятҳои таҳсил, имтиёзҳои Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон барои довталабон маълумот доданд.
Дар рафти муаррифии ихтисосҳо ва дастовардҳои донишкада маълум гардид, ки довталабон бештар ба ихтисосҳои дар донишкада буда таваҷҷуҳ зоҳир намуданд. Аксарият хоҳиши супоридани ҳуҷҷатҳои худ ба ихтисосҳое, ки имрӯз ба талаботи замон ҷавобгӯ мебошад, доранд.