Мулоқоти донишҷӯён бо сарбозон

Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада вохӯрии донишҷӯён бо сарбозони қисми низомии 051056-и Гвардияи миллии ҶТ дар шаҳри Бӯстон таҳти унвони “Хидмати модар ватанро аз дилу ҷон мекунем” баргузор гардид.

Чорабиниро нахуст мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Бӯстон Исмоилзода Хусравшоҳ ифтитоҳ намуда, дар бораи фаъолияти ҷавонон, саҳми ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, саҳми ҷавонон дар рушди ватани азизамон ва ҳифзи марзу буми он аз ҷониби ҷавонон маърӯза намуда, таъкид дошт, ки ҷавонон муҳаррики асосии пешрафти ҷомеаи муосир мебошанд.

Сипас, сарбози қаторӣ Хушаков Наврӯзшоҳ оид ба шарту шароити хидмат дар қисмҳои низомӣ, рафтору муносибати сарбозон, машқу омӯзишҳои ҳарбӣ ва рафти иҷрои қарзи шаҳрвандӣ сухан ронда, таъкид намуд, ки шароит дар қисмҳои низомӣ хеле беҳтар гардида, сарбозони қаторӣ метавонанд дар баробари сарбозону афсарони кишварҳои пешрафтаи олам таҷрибаву малакаи низомии хешро ба намоиш гузоранд.

Дар чорабинии мазкур ҳамчунин сарбози қаторӣ Маҳмудов Диловар суханронӣ намуда, ишора намуд, ки қарзи ҳар мард аст, ки хидмати модар ватанро ба ҷо орад ва аз мактаби бузурги ватандорӣ бигзарад. Хидмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтихори бузург ва шарафмандист. Ҳар ҷавоне, ки ба хидмати ҳарбӣ даъват мешавад, ҳаминро бояд донад, ки ӯро ҷомеа ҷавонмард ва инсони баномус шинохтааст ва бояд, ки ин мардонагиро то ба охир дар назди ҷомеа исбот  кард. ..

Ҳамчунин, дар чорабинии мазкур сардори шуъбаи кор бо ҷавонони донишкада, ҷавони фаъол ва меҳандӯст Шаҳбоз Насриддинов суханронӣ намуда, дар бораи ватандӯстӣ, ташаккули мафкураи миллӣ, риояи қарзи мардонагӣ, ҷавонмардиву шуҷоатмандӣ, ҳисси баланди ватандӯстиву саҳмгузори ба рушди Тоҷикистони азиз гуфта гузашта, таъкид дошт, ки маҳз мо ҷавонон идомадиҳандаи амалҳои неку бузурги гузаштагон ҳастем ва қарзи шаҳрвандӣ, виҷдониву инсонии мост, ки ҳар ваҷаб хоки ватани маҳбубамонро ҳифз намоем. Ҳамзамон, ӯ ба сарбозони қаторӣ сипосмандии раёсати донишкадаро расонида, миннатдории хешро баён намуд.

Дар интиҳо донишҷӯён ба сарбозон суолҳо дода, порсухҳои амиқу дақиқ гирифтанд ва сарбозон ба онҳо аз ҳаёти хеш мисолҳо оварданд, ки шавқу завқи донишҷӯён зиёдтар гардид.

 

Шуъбаи иттилоот