Дар ин мулоқот нахуст раиси шаҳри Бӯстон Нигорахон Ғаффорзода суханронӣ карда, баъдан меҳмони олиқадр, олими тавонои ва коршиносони масоили сиёсӣ доктор Абдуллоҳи Раҳнаморо муаррифӣ кард.
Доктор Абдуллоҳ Раҳнамо роҷеъ ба мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон ва ходимони дин суханронӣ карда, ба чанд масъалаи муҳиму калидӣ таваҷҷуҳ фармуд.