Имрӯз, дар толори Шурои олимони донишкада мулоқоти декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин бо волидайни донишҷӯён сурат гирифт. Дар мулоқот ҳамчунин, сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём, муовини декани факултети электромеханика Саидов Анварҷон ва мураббиёни гурӯҳҳои академӣ ширкат намуданд.
Чорабиниро декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди маориф ва пешрафти ҷавонон, таълиму тарбия, низоми муосири таълим, таҳти назорат қарор додани фарзандон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, тамос бо мураббиён сухан ронда, таъкид намуд, ки волидайн бояд ҳамеша аз ҳоли фарзандон огоҳ бошанд. Имрӯз, вақте расидааст, ки волидайн бояд ҳар қадами фарзандони худро назорат намоянд ва онҳоро барои омӯхтани илму дониш бештар таблиғ намоянд. Ҳоло бозори меҳнат ба мутахассисони варзида ниёз дорад ва мо ҳаракат менамоем, то донишҷӯёнро ҳамчун мутахассиси комил омода созем ва дар ин кор таъкиди волидон ҳам зарур мебошад.
Ҳамзамон дар чорабинии имрӯза муовини декани факултети электромеханика оид ба тарбия Саидов Анварҷон ва сардори шуъбаи тарбия ва робита бо ҷомеа Муслимзода Хайём суханронӣ намуданд.
Дар интиҳои чорабинӣ декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин ба ҳозирин миннатдории роҳбарияти Донишкадаро расонида, ба волидайни як қатор донишҷӯёни фаъол Сипосномаи донишкадаро тақдим намуд.