Имрӯз дар маҷлисгоҳи калони донишкада мулоқоти вакили халқи шаҳри Бӯстон Бахтиёр Маҳмадалӣ бо интихобкунандагон баргузор гардид. Дар чорабинӣ, сокинони шаҳри Бӯстон, аҳли зиё ширкат намуданд. Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷалолзода Миршакар Саид нахуст раиси комиссияи интихоботӣ ва номзадҳоро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.
Пас аз суханронии шахси боэътимоди вакил Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ суханронӣ намуда, барномаи хешро ба ҳозирин муаррифӣ намуд. Мавсуф иброз дошт, ки талош менамояд, то манофеи давлату миллатро дифоъ намуда, содиқона масъулияташро иҷро бикунад.
Ёдовар мешавем, ки барномаи пеш аз интихоботии Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ аз дигар номзадҳо хеле фарқ дошта, дар он бештар барои пешрафт, сулҳу оромӣ, рушди мудовим ва беҳсозии шароити зиндагӣ, тавсеаи соҳаи маориф, истифодаи технологияҳои муосир дар истеҳсолот таваҷуҳ фармуда шудааст.