Мулоқоти аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинони шаҳри Бӯстон дар донишкада

Имрӯз, 24 май дар толори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон мулоқоти аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ бо сокинон, ҷавонон ва аҳли ҷамоатчигӣ вобаста ба тақвият бахшидани корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили созовори ҷашни бузурги миллӣ-30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода ифтитоҳ гардид.
Дар кори мулоқоти мазкур аъзоёни гурӯҳҳои таблиғотии ҷумҳуриявӣ Роҳбари гуруҳи кории ҷумҳуриявӣ дар вилояти Суғд муовини якуми Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи аназди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарама Нигорахон Ғаффорзода, муовини директори Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии хизматчиёни давлатии Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоҳир Қодиров, сардори шуъбаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шеров Шералӣ ва сармуҳаррири нашрияи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Самариддин Асоев иштирок доранд.

Дар интиҳо суолу ҷавоб бо сокинон ва ҳозирин сурат гирифт, ки чорабиниро боз ҳам ҳусни тоза зам намуд.