Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёни муқими хобгоҳи рақами яки донишкада мулоқот намуд. Ректори донишкадаро дар вохӯрӣ муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ва муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда ҳамроҳӣ намуданд.
Зимни мулоқот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба баъзе масъалаҳои муҳими донишкадавӣ таваҷҷуҳ зоҳир намуда, чанд нуктаи муҳимро таъкид намуд. Аз ҷумла дар бораи сарфаи маблағи волидайн, эҳтироми калонсолон, хубу аъло хондан, омӯхтани забонҳои хориҷӣ, дӯст доштани Ватан гуфта гузашт.
Зимни мулоқот ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ таъкид намуд, ки ҳама шароит барои донишҷӯён муҳайё карда шудааст ва аз Шумо як хоҳиш, ки бештару зиёдтар омӯзед, барои пешрафти кишвари азизамон талош намоед, ба қадри хидматҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бирасед.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз тамоми шароитро барои мо муҳайё намудаанд ва мо бояд ҷавобан ба ин ҳама заҳмату талошҳо ва имкониятҳо касби хуб омӯхта, баҳри пешрафти Ватани азизамон Тоҷикистон саҳм гузорем…
Ҳамчунин, ректори донишкада илова намуд, ки дари ҳуҷраи кории ман ҳамеша боз аст ва марҳамат чӣ мушкилу камбудие ҳаст муроҷиат намоед.
Дар интиҳо донишҷӯён ба ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ суолҳо дода, ҳамзамон ба ӯ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.