Имрӯз, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон профессор Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳми арзандаашон дар тарғибу ташвиқи ғояҳои давлатдорӣ ва рушди иқтисодиёти ватанӣ аз ҷониби муовини аввали раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо Сипоснома Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада ректори ДКМТ муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалиро бо гирифтани чунин мукофоти олии ҳизбӣ табрику таҳният гуфта, ба эшон барору комёбиҳои беназирро таманно менамоем.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд ва некному муваффақ бимонед!
Шуъбаи иттилоот