Имрӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омӯзгори фаъол, олими ҷавони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Давлатзода Давлат бо медали хидмати шоиста қадрдонӣ гардиданд, ки дастоварди беназир барои аҳли донишкада мебошад. Ҳайати профессорию омӯзгории донишкада Давлатзода Давлатро табрику таҳният гуфта, барояшон муваффақиятҳои беназир ва дастовардҳои баландро таманно менамояд!
Ёдовар мешавем, ки Давлатзода Давлат аз олимони ҷавону умедбахш ва аз шахсиятҳои ватандӯсту покдил ба ҳисоб рафта, барои тарбияи насли ҷавон ва дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намудани донишҷӯён нақши бориз дорад.
Мақолаҳои илмии Давлатзода Давлат ба ҷуз дар маҷаллаҳои илмии кишвар боз дар маҷаллаҳои илмии кишварҳои Федератсияи Русия, Белорусия, Ҷумҳурии халқии Хитой, Ӯзбакистон, Португалия ва ғайра, ба табъ расидаанд, ки ин ҳам самараи баланд ва заҳмату талошҳои пажӯҳишияш гувоҳӣ медиҳад.
Хидмати Давлатзода Давлат дар рушди соҳаи илм ва маориф беназир аст ва ҳамин аст, ки ин заҳматҳо имрӯз қадрдонӣ шуданд, ки тамоми ҳамкорони дӯстон ва олимони ҷавони донишкада аз ин дастоварди олӣ хушнуд мебошанд.
Бори дигар қадршиносии сатҳи олӣ хуҷаста бод устод Давлатзода Давлат!