Санаи 02.06.2022 бо ибтикори Донишкадаи Конфутсия дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон видеоконференсия ва гуфтушунид байни ҳайати роҳбарикунандаи Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ва Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоуи Ҷумҳурии мардумии Чин доир ба тақдири имрӯз ва фардои соҳаи зеҳни сунъӣ, имкониятҳои ихтисоси зеҳни сунъӣ ба тариқи маҷозӣ баргузор гардид.
Аз ҷониби ДКМТ дар гуфтушуниди мазкур шахсони зерин иштирок намуданд:
Бахтиёр Маҳмадалӣ – ректор;
Умарҷонов Абдусафо – муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ;
Муҳамадиев Акбархон – сардори шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ;
Шербоев Муродҷон – сардори маркази зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотӣ;
Давлатов Давлат – сардори маркази тестӣ, бақайдгирӣ ва фосилавӣ.
Аз ҷониби Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу намояндагони расмии зерин иштирок намуданд:
Панг Йинг – мудири кулли ширкати Gansu Prime Technology Co., Ltd;
Лу Ҳуапинг – декани факултети байналмилалии таълимии Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу;
Танг Лин – декани факултети муҳандиси иттилоотии Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу;
Кормандони шуъбаи байналмилалии Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу.
Сараввал, декани факултети байналмилалии таълимии Донишкадаи техникии захираҳо ва муҳити зисти Ланчжоу баромад намуда, омодагии донишгоҳи мазкурро ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳои дуҷонибаи муфид иброз намуд. Баъдан, аз ҷониби намояндаи донишгоҳи мазкур маърӯзаи илмӣ таҳти унвони “Ҳолати имрӯза ва ояндаи зеҳни сунъӣ” қироат гардид.
Ҳамчунин, дар гуфтушунид мудири кулли ширкати Gansu Prime Technology Co., Ltd, ки дар соҳаи зеҳни сунъӣ бо Донишгоҳи технологӣ ва захираҳои муҳити зисти Ланчжоу ҳамкориҳои зич дорад, иштирок намуда, фикру андешаҳои худро баён дошт ва омодагии ширкатро ҷиҳати ҳамкорӣ бо Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт иброз намуд.
Пас аз шунидани маърӯзаи мазкур ректори донишкада н.и.и., профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ барои ҳамкориҳои тарафайн изҳори миннатдорӣ баён намуда, қайд кард, ки ин ҳамкорӣ ба иқтисодиёти ҳарду кишвар айни муддао мебошад. Имрӯзҳо, техникаю технология босуръат тараққи ёфта истодааст, ки моро мебояд давра ба давра ин роҳро пай гирем. Ҷумҳурии мардумии Чин ба ҳама маълум аст, ки аз ҷиҳати технологияҳои зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон ҷойгоҳ ва мақоми худро дорост ва моро низ водор месозад, ки аз таҷрибаи онҳо истифода бурда, ҳамкориҳои зичро барқарор намоем.
Баъдан, муовини ректори ДКМТ оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ н.и.т., профессор Умарҷонов А. омодагии донишкадаро ҷиҳати ҳамкориҳои судманди дуҷониба баён намуда, оид ба маркази навтаъсиси зеҳни сунъӣ ва технологияҳои иттилоотии донишкада маълумот дод. Дар ин замина ҷиҳати ба ҳадаф расонидани нақшаҳои дурнамои донишкада, амали намудлани барномаҳо роҷеъ ба зеҳни сунъӣ гуфта гузашт. Пас аз ба анҷом расидани маърӯзаҳо, пешниҳоду дархостҳои ҳарду ҷониб шунида шуд ва барои дар оянда васеъ ба роҳ мондани ҳамкориҳо замима гузошта шуд.
Зимни гуфтушунидҳо намояндагони ширкати Gansu Prime Technology Co., Ltd таъкид намуданд, ки барои таъсис додани як адад озмоишгоҳи зеҳни сунъӣ дар донишкада, бозомӯзии омӯзгорон ва таъмин донишкада бо адабиётҳои лозима дар ин самт кумаки ҳамаҷонибаи худро мерасонанд. Дар мадди аввал онҳо қайд намуданд, ки ба маҳзани китобхонаи донишкада 50 адад дастурҳои таълимӣ-методӣ дар самти зеҳни сунъӣ, 2 адад 3D принтер ва 2 адад квадрокоптерро тақдим менамоянд.
Барои ҳамкориҳои минбаъда ҷонибҳо ба якдигар нусхаҳои созишномаро ҷиҳати баррасӣ ирсол намуданд. Таъкид карда шуд, ки дар кӯтоҳтарин фурсат созишномаҳо ба имзо расонида хоҳад шуд.
Шуъбаи иттилоот