Ҳашт ҳафар устодони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон – таърихи 18.12.2018 академики “Ассотсиатсияи байналмилалии об -International water association” гардиданд. Ин ассотсиатсия ҳамагӣ 911 аъзо дорад, ки аввалин маротиба аз Тоҷикистон ҳашт нафар аъзо қабул намуд, ки ҳамаи онҳо кормандони Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон мебошанд.
Ин унвон ба ивази фаъолияти олимони мо дар ин соҳа мувофиқи се лоиҳаи байналмилалии самтӣ:
– 1) Лоиҳаи баҳодиҳии дараҷаи олудашавии обҳои ҳавзаи Сирдарё,
2) Лоиҳаҳои Ҳамоҳангии обӣ 1 ва 2,
3) Лоиҳаи идоракунии стратегии захираҳои обӣ ва баҳодиҳии экологии дарёҳои Ому ва Кобул тақдим гардид.
Узвият дар ин ассотсиатсия, имконияти табъу нашри байналмилалии корҳои илмӣ – таҳқиқотӣ ва ба ҳайси мутахассис фаъолият кардан дар лоиҳаҳои ҳамсонро фароҳам меорад.
Устодон Розиқов З.А., Юнусов М.М, Умарҷонов А.А., Қозиев К.С., Фозилзода М.М., Ҳоҷибоев Д.Д., Назаров Х.М., ва устод Замониддини Зайниддинро баҳри пазируфта шудан ба узвияти “Ассотсиатсияи байналмилалии об -International water association” шодбош мегуем.
Шуъбаи иттилоотӣ