Даври ниҳоии Озмуни байналмилалии 16-уми “Пули забони чинӣ” дар байни донишҷӯёни макотиби олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бомуваффақият ҷамъбаст гардид.
Ин Озмун аз ҷониби Донишкадаи Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таҳти сарпарастии Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чандин сол аст, ки ташкил мешавад.
Озмуни “Пули забони чинӣ” ба бинандагон одобу рафтори ҷавонони Тоҷикистонро намоиш дод ва ҷомеаи моро бо тамаддуни Чини таърихӣ ошно месозад.
Забон пулест барои пешравии муносибатҳои муфиди дуҷонибаи байни кишварҳои Чин ва Тоҷикистон.
Боиси ифтихор аст, ки шунаванда ва таҷрибаомӯзони Донишкадаи Конфутсий дар назди Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон мақоми сеюм ва ҷойи ифтихориро дарёфт намуданд.
Ҳамзамон, корманди Донишкадаи Конфутсий дар назди ДКМТ Марупов Олимҷон аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии мардумии Чин дар Тоҷикистон бо сертификати омӯзгорони беҳтарин сарфароз гардонида шуд.