МУБОРИЗА БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ КОРИ ДАСТАҶАМЪИСТ

Дируз  дар толори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон вобаста ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, бо донишҷӯён мулоқот доир гардид. Дар кори мулоқот раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода, прокурори шаҳр Рустам Раҷабзода, сардори шуъбаи дар шаҳри Бӯстон будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Исломиддин Сайфиддинов, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷамшед Зубайрзода, сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шукрулло Раҳимзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода ва дигар масъулон ширкат намуданд.

Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода оғоз гардида, мавсуф оид ба ташаббусҳои созандаи Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди мубориза бар зидди терроризму ифротгароӣ ибрози назар намуд.

Сардори шуъбаи тафтишотии Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шукрулло Раҳимзода, сардори шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон Ҷамшед Зубайрзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси вилояти Суғд Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон Мамнур Нурзода ва имомхатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бӯстон Маҳмадюсуф Қозиев перомуни пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротиву иртиҷоӣ ибрози назар намуданд.

Дар мулоқот ҳамзамон оид ба дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд “Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷинояткории муташаккил” баёни андеша сурат гирифт.