МУБОРИЗА БАР ЗИДДИ ТЕРРОРИЗМ

         «Терроризм» аз калимаи лотини «terror»   гирифта шуда маънояш  тарсу ваҳм мебошад. Терроризм ин ташкили хатар, яъне аз тарафи ташкилотҳо, субъектҳо  ва шахсони алохида  бо истифодаи ҷувва ва зӯровари ба амал овардани вазъияти ноором, муҳити тарсу ҳарос  дар ҷомеа мебошад.  Террорситон мехоҳанд, маҷсаду мароми худро  бо роҳи зӯроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм амалӣ созанд.

     Мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷисми таркибии таъмини амниятӣ на танҳо Чумҳурии Тоҷикистон, балки тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Вазъи бӯҳронии ҷомеа, пеш аз ҳама дар иќтисодиёт, мавҷудияти муноҷишаҳои иҷтимоию сиёсӣ дар муносибатҳои байнидавлатӣ ва бийнимазҳабӣ   барои ба миён омадани чунин ҷиноятҳо ба монанди терроризм ва экстремизм мусоидат мекунад. Дар Чумҳурии Тоҷикистон  дар самти муҷовимат зидди экстремизм ва терроризм дар кишвар маҷмўъи чорабиниҳои  сиёсӣ-ҳуҷуҷӣ амалӣ гашта истодаанд, ки дар байни онҳо мавҷеи марказиро амали  Консепсияи  ягонаи ҶТ доир ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ишщол мекунад. Маҷомотхои ҳокимияти давлатии ҶТ барои пешгирӣ ва андешидани чораҳои муҷовимат зидди ин ҳодисаҳои номатлуб пайваста фаъолияти худро фаъол кардааст.

    Дар  марҳилаи ҳозира маводи паҳнкардаи  душманони миллат  нишон медиҳад, ки ҳадафи асосии онҳо барангехтани ҳисси нобоварӣ нисбат ба давлату ҳукумат ва тафриҷандозӣ миёни афроди  миллат мебошад. Дар зери шиорҳои бофтаву хаёлӣ фирефтаи таълимоти гўё динӣ гашта, ба амалҳои низоъпарастӣ, ифротгароӣ ва террористӣ ҷавононро даъват намуда, бо  амалҳои номатлуби худ нуфузу дастовардҳои миллиро паст зада супоришҳои пешвоён ва сарпарастони хориҷии худро иҷро менамоянд. Онҳоро бо овози нарм, сухану гуфтори мулоим таҳти шиорҳои исломӣ, бо ҳазор зиракиву айёрӣ интихоб мекарданд ва меомўзониданд, ки чӣ тавр як тоҷики содаи мусулмони раҳгумзадаро ба доми худ афтонанд.

    Боиси  таассуф аст, ки бархе  аз ҳамватанон бо кӯмаки аҷнабиён ва шахсони маъмул барои ноором кардани  вазъияти дохилии кишвар иштирок намуда, задухурдҳои мусаллаҳонаро амалӣ мекунанд.Ба номи миллати тоҷик ва наздикону пайвандонашон дощ меоранд волидон ва ахли байти хешро дар назди халҷу миллат сархаму шарманда месозанд.

   Яке аз сабабҳои ба ин гурӯҳ шомил шудани ҷавонони мо ин аллалхусус нокифоя будани дониши илмиву дунявӣ, сиёсӣ ва номуккамал фаҳмидани дин аст. Агар шахс дониши илмиву дунявӣ ва сиёсӣ дошта бошад, албатта ҳеҷ гоҳ мутеи фикру аҷидаҳои дигарон нахохад шуд.

      Дар муҷобили терроризм ва экстремизм аз ватандустӣ ва инсондӯстӣ дида дигар ҷувваи бузурге нест.  Баъзе ҷавонон бо сабаби ноогоҳии сиёсӣ ва надонистани  ҳуввияти милливу эҳсоси  ватандӯстию инсондӯстӣ оҷибати рафтори худро  дарк накард, ба ин роҳ мераванд ва ба Ватану миллати хеш хиёнат мекунанд. Барои ин мо бояд ҷавонони имрӯзаро дар руҳияи ватандӯстию хештаншиносӣ тарбия намоем. Бояд донист, ки нафарони ба гурӯҳи  террорист ива экстремистӣ шомилгашта роҳи наҷот надоранд ва ҷурбон хоҳанд шуд ва номи ин ашхос ҳамчун хоини Ватан дар таърих бо ҳуруфи сиёҳ сабт хоҳад шуд.

       Ба мо омўзгорон  ва дигар фаъолони ҷомеа зарур аст, ки  дар маҷрои ҷаҳоншавӣ  бо дарки масъулият истиҷлолияти худро  на танҳо бо шиору гуфтор ситоишу парастиш, балки бо меҳнати софдилона  ва самимӣ дар ҳама соҳаҳо  таҳким бахшем, бепарво ва бемасъулият набошем ва барои таълиму тарбияи наврасон, ҷавонон дар рўҳияи ватандўстӣ, худогоҳиву ободкорӣ, ҳифзи дастовардҳои истиҷлолият, таҳким бахшидани арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошем. Бояд моён бар зидди ин ифротгароён мубориза барем ва ба ҷавонон бештар оиди зиён ва кори зишти гурӯҳҳои манфиатҷуй сӯҳбатҳо  гузаронем.

Бояд тамоми тадбирҳо  андешида шавад, ки минъбад пеши роҳи амалҳои бадхоҳонаи  ин ташкилоти террористӣ гирифта шуда, роҳбарону  масъулини он дастгир шаванд, то дар назди ҷонун ва мардум барои амалҳои ҷинояткорона ҷавоб гўянд.

 

Баромбекова  З.С.                

омӯзгори кафедраи ЗД ва ЗХ